logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 14 феврали соли 2020, № 91, ш. Душанбе Дар бораи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Шерализода Б. А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН


ШЕРАЛИЗОДА Баҳодур Аҳмадҷон
25 ноябри соли 1984 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, миллат тоҷик, соли 2007  Донишкадаи техникии Тоҷикистон, соли 2011  Донишгоҳи Кассели Олмонро хатм кардааст. Аз соли 2016 унвонҷӯи факултаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Маркази байналмилалии сиёсати Аврупо (Centre International de Formation Europйenne — CIFE). Мавзӯи илмиаш «Созишномаи иқлимии Париж: масъулият ва имкониятҳои Тоҷикистон». Ихтисосаш муҳандис - энергетик, магистр – иқтисодиёти сиёсии ҷаҳон, бо забонҳои англисӣ, олмонӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад.
  Солҳои 2006-2007 тарҷумони ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон, 2007-2008 ёрдамчии маъмури ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон, 2012-2013 менеҷер-маъмур ва робита бо ҷомеа дар ташкилоти Акт Осиёи Миёна (ACT Central Asia), 2012 то феврали 2017 устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2013 то феврали 2014 менеҷер оид ба PR ва коммуникатсия дар сафорати Британия дар Тоҷикистон, 2014 – 2015 мутахассиси Маркази тағйирёбии иқлим ва қабати озон, Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Барномаи пилотии Бонки осиёии рушд оид ба устувории иқлимӣ, 2015 то феврали 2018  мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба Фонди иқлимии сабз дар Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2016 мушовир дар таҳлили бизнеси инклюзивии Бонки осиёии рушд дар ҳамкори бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2017 то 2019 мушовир дар барномаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба занони соҳибкор дар Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аз 9 апрел то 10 ноябри 2018 менеҷери Барномаи арзёбии лоиҳаҳои Фонди иқлимии инвеститсионӣ/ Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (лоиҳаи Таҷдиди НБО «Қайроққум» ва Климадапт - қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёна), аз 1 марти 2018 то марти 2019 мушовири Барномаи гузариш ба энергияи сабз дар Олмон, Агора Энергивенде/Александр фон Ҳумболдт, Берлин, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз моҳи апрели 2019 то августи 2019 мушовири Созмони Милали Муттаҳид оид ба барномаи муҳити зист “Рушди неруи Сербия, Черногория ва дигар давлатҳои Балкани Ғарбӣ барои ҳамкориҳои самаранок бо Фонди иқлимии сабз”, аз моҳи августи 2019 то декабри 2019 мушовири лоиҳа оид ба арзёбии сандуқи молиявӣ ва оид ба технологияҳои муосири Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ, аз моҳи ноябри 2019 то феврали 2020 дар вазифаи мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Ботсвана кор кардааст. 14 феврали соли 2020 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 2031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед