logo

иқтисод

МО ВА ҶАҲОН. ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРИ МИЛЛИАНД

Об сарчашмаи ҳаёти ҳамаи мавҷудоти зиндаю органикӣ, зебоии шаҳру деҳот ва табиати Замин аст. Норасоӣ ва истифодаи нодурусту ғайриоқилонаи об  боиси харобии муҳити зист, паҳншавии бемориҳо ва оқибатҳои дигари хеле ногувор мегардад. Дар замони муосир яке аз масъалҳои мубрами ҷаҳонӣ дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад, ки ҳамвора мавриди баррасии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон қарор мегирад. Талабот ба об  дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон дар ҳоли афзоиш аст. Бисёр давлатҳои ҷаҳон солҳост, ки обро харидуфурӯш менамоянд.
Ба хотири ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ 21 декабри соли 2016 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷмаи умумии СММ бо ҳамовозии  аксари кулли кишварҳои узви созмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қатънома қабул намуд. Ин иқдом аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар рафти Форуми 7 - уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.  Бори дигар собит шуд, ки Сарвари давлати тоҷикон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ баробари хизматҳои таърихӣ дар назди халқу ватани худ ба проблемаҳои тамоми аҳли башар пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.  То кунун чанд ташаббуси дигари Президенти мамлакат доир ба дарёфти роҳҳои бартарафсозии  мушкилоти об ва масъалҳои дигари глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта ва татбиқ гардидаанд. «2003 – Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  “Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015 ”, «Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013» аз зумраи пешниҳодҳои қаблии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтанд.
Ҳадаф аз эълони даҳсолаи нав ҳамоҳангсозии кӯшиши ҳамаҷонибаи давлатҳо баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта, андешидани тадбирҳои нав ва  идома бахшидани иҷрои вазифаҳои вомондаи даҳсолаҳои сипаригардида ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланд доир ба масоили об  тӯли солҳои охир натиҷаи татбиқи ташаббусҳои пешгирифтаи Тоҷикистон ва баланд гардидани эътибори кишвар дар ҷаҳон аст. Баргузории чунин ҳамоишу конфронсҳо доир ба мушкилоти об ба беҳбудии дастрасӣ ба об мусоидат ва роҳбарони давлату созмонҳои дунёро ба андешидани тадбирҳои нав водор менамояд.
Сарварону намояндагони давлатҳо ва сиёсатмадорони ҷаҳон эътироф намуданд, ки  пешниҳодҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан ба нафъи башар буда, тамоми кишварҳоро дар роҳи наҷоти одамон аз норасоии об ба ҳам овардаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол аз ҳисоби нӯшидани оби ифлос беш аз 5 миллион одам вафот мекунад ва 3 миллиони дигар  ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешавад. Ҳамзамон, дар ҷаҳон 1,2 миллиард одам аз норасоии оби нӯшиданӣ азият мекашад. Ҳамин тавр, сол ба сол дар кураи Замин бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи ғайриоқилона, ҳаҷми оби ошомиданӣ ва захираҳои об коҳиш меёбанд. Дар саросари ҷаҳон давлатҳо барои раҳоии инсоният ва табиат аз ин мушкилоти азим роҳи ҳалли масъаларо дар татбиқи босамари ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки боиси ифтихори сокинони Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон аст. 

Истамҷон ОДИНАЕВ , омӯзгор  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 798
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед