logo

маориф

"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ". АГАР ФАНҲОИ ДАҚИҚРО НИЗ ФАРО ГИРЕМ...

Воқеан, маориф дар ҷумҳурии мо яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб шуда, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз имтиёзу ғамхориҳои бесобиқа бархӯрдор гардид ва роҳбарияти олии мамлакат ба рушди ин самти пешбарандаи ҷомеа диққати махсус зоҳир намуд. Ҳамин аст, ки ҳамасола ғамхориву дастгирии ин соҳа дучанд меафзояд. Чунончи, соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супурда шуд. Соли ҷорӣ сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд мегардад ва, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Пешвои миллат ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони онҳоро аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд намоянд.
Бояд гуфт, ки эълон шудани соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, шурӯъ аз соли 2019 ҳамасола баргузор намудан ва ба ҳукми анъана даровардани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар соҳаи маорифи кишвар ташаббусҳои неку наҷибона ва иқдому барномаҳои бесобиқаву пурсамари Сарвари давлат ба шумор мераванд. Инак, эълом гаштани  солҳои 2020 - 2040 - бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таҳаввулоти навбатӣ дар соҳаи мазкур ба шумор меравад, ки аз ҷониби Президенти мамлакат роҳандозӣ шуд. Ин дигаргунӣ, дар ҳақиқат, пурарзишу қобили мулоҳиза буда, манфиату самари хуб ба бор хоҳад овард ва аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки бо қадрдонӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, барои татбиқи муваффақонаи ин бистсола, агар аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ озмуне ҳамсон бо Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон гардад ва ғолибонаш аз ҳавасмандиву имтиёзҳои баробар бо озмуни мазкур бархӯрдор шаванд, шавқу ҳаваси хонандагон ба илмҳои мазкур дучанд гардида,  бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҳадафу интизориҳои доштаамон самари бештар медиҳад.
 
Олуфтамо ҒАФФОРОВА,
омӯзгори МТМУ № 49,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 2879
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед