порлумон
ҚОНУНГУЗОРӢ. КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ БА ТАСВИБ РАСИД
Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ба талаботи конвенсияву созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки кишвари мо онҳоро эътироф кардааст, лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд.
Ин нукта зимни баррасии лоиҳаи кодекси мазкур дар Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт, ба вакилон ироа гардид. Мавсуф зикр кард, ки бо назардошти рушди бемайлони соҳаи нақлиёт дар минтақа ва навоварии механизмҳои муосир, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пешбинӣ нагардида буданд, дар идоракунӣ ва танзими давлатии нақлиёти автомобилӣ баъзе мушкилиҳоро ба миён меовард. Вобаста ба ин, дар лоиҳаи кодекс механизми васеи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, механизмҳои нав барои таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хидматрасонии нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пурра фаро гирифта нашудааст, пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар раванди ҳамлу нақл ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар бозори хидматрасонии нақлиётӣ ширкатҳои беэътимод ва каммасъулият фаъолият намуда, пешниҳоди хидматрасонии нақлиётӣ аз ҷониби онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳа талаботи эътибори мусбӣ ва салоҳнокии касбии кормандон пешбинӣ шудааст. Механизмҳои мазкур бо мақсади таъмини рақобати озод ва солим, рушди ширкатҳои боэътимод дар бозори хидматрасонии нақлиётӣ ва фарогирии аҳолӣ бо хидматрасонии самарабахшро дар бар мегирад.
Вазири нақлиёт изҳори қаноатмандӣ кард, ки солҳои охир соҳаи хидматрасонӣ тариқи нақлиёти сабукрав ва таксӣ дар кишварамон рушд ёфта, ба ин восита ҳазорҳо ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 11 ширкати мусофирбар ба шаҳрвандон ба таври муосир хидмат мерасонад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи кодекс масъалаи танзим ва идоракунии давлатии хидматрасонӣ бо нақлиёти таксӣ пешбинӣ шудааст. Бо зиёд шудани воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла нақлиёти истифодаи умум, таъмини бехатарӣ дар раванди ҳамлу нақл яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳа талабот нисбат ба таъмини бехатарии ҳамлу нақл низ муайян шудааст.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Бо мақсади рушди минбаъдаи ин самти муҳим ва таъмини муқаррароти конвенсияву созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар лоиҳа раванди татбиқи онҳо, аз ҷумла ҳамлу нақли борҳои хатарнок, зудвайроншаванда, калонҳаҷм ва вазнин, ба таври васеъ дарҷ гардидааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 2276