порлумон
ХУҶАНД. ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ТАБЛИҒИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ
Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо интихобкунандагон оғоз гардид. Нахустин мулоқот дар Комиссияи ҳавзавии Раззоқ № 1 оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар МТМУ № 27 баргузор шуд.
- Дар муассиса ҳамзамон, участкаи интихоботии № 2-и ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх № 5 оид ба интихоботи вакилон ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд низ воқеъ мебошад, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии дастгоҳи раиси шаҳр.
Наим Маликисломӣ, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, чорабиниро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки мутобиқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 баргузор мегардад. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар мулоқот номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд № 13 Гулбаҳор Назирӣ, Анвар Ҳоҷиев - шахси боэътимоди номзад ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ, номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова, номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров ва Зебо Аминова барномаҳои пешазинтихоботии худро рӯнамоӣ намуданд.
Дар мулоқот аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда раъй диҳанд.
Баргузории мулоқоти номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон то 28 феврали соли равон пешбинӣ гардидааст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 3205