порлумон
РАЪЙЕ, КИ ОЯНДА МЕСОЗАД. ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД
Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани маъраки муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ корҳои омодагӣ хеле назаррас ҷараён доранд.
Раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Турсунзода № 5 Ҳотам Назарзода иброз дошт, ки комиссияи мазкур дар ҳайати 9 нафар ташкил карда шуда, барои кори пурсамари аъзоёни он ҳамаи шароит муҳайё мебошад. Ҳавзаи мазкур аз 64 участка иборат буда, ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо қонунҳои соҳавӣ, санадҳои дахлдор, дастурамал оид ба тартиби кори комиссия, маводи конселярӣ, буклету варақаҳо, 42 қуттии калон ва 45 қуттии хурди овоздиҳӣ таъмин карда шудаанд.
Ба ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Турсунзода 3 нафар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизбҳои сиёсӣ сабт шудаанд. Айни ҳол, дар асоси нақшаи кории комиссияи ҳавзавӣ, вохӯриҳои номзадҳо дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот доир гашта истодаанд.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 135 ҳазору 431 овоздиҳанда сабти ном шудааст, ки 8201 нафари онҳо маротибаи аввал дар интихобот ширкат меварзанд. Аз ин ҳисоб 982 нафарро ҷавонони синни 18 - сола ташкил медиҳанд, ки бори нахуст дар ин марҳилаи барои ҷомеа муҳим иштирок намуда, ояндаи худро интихоб мекунанд. Барои ҳамаи ин ҷавонон рӯзи интихобот туҳфаи хотиравӣ ва гулдаста тақдим карда мешавад.
Бино ба иттилои Ҳ. Назарзода, айни ҳол дар ҳамаи 64 участкаи интихоботӣ барои гузарондани ин маъракаи сиёсӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раиси комиссияи ҳавзавӣ ва шахсони масъул гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳудуди ҳар як ҷамоати деҳот бо аъзоёни комиссияҳои участкавӣ оид ба шаффоф гузарондани интихобот, ҷиҳозондани биноҳои участкаҳои интихоботӣ, ҷобаҷогузории комиссияҳои интихоботӣ, насби шиору овезаҳо, рӯйхати интихобкунандагон ва ҳолати коргузорӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронда истодаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот 2 мошини таблиғотӣ вобаста шудааст, ки ҳамарӯза дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр аз ҷониби онҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда мешавад. Ба ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, тибқи рӯйхати интихобкунандагон, хабарномаҳо тақсим карда шуда, кабинаҳо ва қуттиҳо барои овоздиҳӣ омода гардидаанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 2391