порлумон
ИНТИХОБОТ. КАСЕ, К - Ӯ БОВАРИИ ХАЛҚРО АРЗАНДА МЕГАРДАД
Участкаи интихоботии № 48 – и ҳавзаи интихоботии ҳудудии якмандатии Сино № 4 ва участкаи интихоботии № 77 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе ва ноҳия дар даромадгоҳи бинои барҳаво ва зебои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 97 маҳаллаи Ободкорон воқеъ гардида, бо шиору овезаҳо ва навиштаҷоти даъват ба интихобот оро дода шудааст. Дар рӯи мизҳо қуттии овоздиҳӣ, қонуну санадҳои дахлдор оид ба интихобот, маводи конселярӣ, рӯйхати интихобкунандагон буклету варақаҳо бо тартиби муайян гузошта шудаанд.
Фаридун Ойзода, иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи мазкур, раиси участкаи интихоботӣ, зимни суҳбат иброз дошт, ки онҳо барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодаанд. Дар участкаи интихоботӣ 1861 раъйдиҳанда сабти ном шудааст, ки 25 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
Чанде қабл дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4 вохӯрии раисони участкаҳо бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Раҷабова (Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон), Баҳодур Раззоқов (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон), Шоҳмурод Рустам (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон), Маъруф Ҳомидов (худпешбар) баргузор гардид.
Аз 10 феврал давраи таблиғ ва ташвиқи номзадҳо оғоз ёфта, он то 28 феврал давом мекунад. Дар ин марҳала интихобкунандагон бо номзадҳо ва барномаҳои онҳо зимни мулоқот, тавассути радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо шинос шуда, барои раъй додан омода мешаванд.
- Бо итминони комил метавон гуфт, ки маъракаи муҳими сиёсӣ дар доираи қонунгузорӣ ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон ба номзадҳои арзанда раъй хоҳанд дод, - мегӯяд Фаридун Ойзода, - зеро шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мефармояд:
Касе, к - ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 2582