порлумон
КМИР ВА САҲА АЗ ШАРОИТИ БАРОБАР ВА РАҚОБАТИ СОЛИМ ДАР ИНТИХОБОТ ГУФТАНД
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии кишвар барои субъектони иштирокчии раванди интихобот ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ шароити баробар фароҳам кардааст.
Ин нуктаро Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 феврал зимни мулоқот бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таҳти роҳбарии Пол Эберхард баён дошт. Ҷонибҳо дар фазои озод оид ба рафти омодагиҳо ба интихоботи Маҷлиси Олӣ, тадорукоти то имрӯз анҷомшуда ва дигар масъалаҳои вобаста ба баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ табодули назар карданд.
Зикр шуд, ки айни ҳол дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ идома дошта, аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, тибқи қонунгузории соҳавӣ ба ҳамаи довталабон ва ҳизбҳои сиёсӣ шароити баробари истифода аз воситаҳои ахбори омма дода шудааст, ки дар доираи он барномаҳои таблиғотӣ тавассути телевизион, радио ва матбуоти даврӣ ҷараён доранд.
Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Пол Эберхард аз иқдомҳои анҷомдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд истиқбол намуда, дар ин ҷода ба фаъолияти КМИР баҳои мусбат дод.
Дар фарҷом ҳар ду ҷониб итминон доданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, ки то кунун беш аз 100 нафар сабти ном шудаанд, дар баргузории интихоботи озоду ошкоро ва шаффоф мусоидат менамояд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2020 №: 37 Мутолиа карданд: 2775