logo

фарҳанг

ОФАРИН! БАРДОШТ АЗ СПЕКТАКЛИ НАВИ МАЭСТРО ҲОШИМ ГАДО

Чанде қабл дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода намоиши нави Артисти халқии СССР, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор Ҳошим Гадо рӯи саҳна омад. Ин дафъа низ нобиғаи театри миллӣ қолабшиканӣ карда, таҷассуми саҳнавии худро на ба актёрони шинохта ва устодони варзида, балки ба донишҷӯёни курси як – соликони навгоми дунёи санъат супурд. Ва онҳо таҳти роҳбарии устоди мумтози хеш тавонистанд пеши назари тамошобинон олами ҳайратангези вуҳушро бо тобишҳои ғайричашмдошт ҳувайдо созанд.

Ҳошим Гадо дар асарҳояш аз шоҳ Ҷамшед ёдрас мешавад, ки ба саволи «чӣ тавр чунин кишвардории хирадмандонаро ёд гирифт», мегуфт: «Ман ҳунари кишвардорӣ аз мӯрчаҳо ва занбӯрҳои асал омӯхтаам». Ва муътақидияш ба ҳаққонияти ин суханҳоро коргардон ба намоишаш мебарад бо таъкиди он ки «аз мӯрчаҳо ва бародарони хурди олами вуҳуш ибрат бигиред ва тарзи зистан биомӯзед». Ин аст, ки дар пардаи аввали намоишаш «Мӯрчаҳо» муттафиқии мӯрчаҳо, заҳмати сангинашон баҳри қути лоямут, амиқӣ, муназзамӣ ва босуръатии амалашонро инъикос месозад. Ягон ҳаракати беҷо надоранд онҳо, ҳамааш суфта, батартиб, аҳлона ва судманд.
Дар рӯзгори душвори суғурҳо дар пардаи дувум мавзӯъро идома дода, аҳамияти муттаҳидиро на танҳо дар пайдосозии ғизо, ҳамчунин, дар бартарафсозии хатари даҳшатнок ба ҳаёти тамоми ҷинси суғурҳо нишон медиҳад.  
Дар назари аввал мӯрчаҳо аҷобате надоранд. Онҳо сӯе мешитобанд, чизе пайдо мекунанд ва, ҳамин тавр, ба сар мебаранд. Аммо боре таваҷҷуҳ кардаем, ки чӣ тавр мӯрчаҳо ғаниматашонро аҳлона ба лона мекашонанд? Онҳо саф кашида, чун дар конвейер чусту чолок бозёфтро ба якдигар медиҳанд. Ҳамин тавр, ба анбори лонаашон на танҳо халта, гул, одамак (манекен) ё робот, балки писарчаи зиндаро ҳам мефиристанд, ки ин манзараро мушоҳида дошт. Албатта, инаш аз шӯхтабъии Ҳошим Гадост. Барои тамошобин ин шояд як андоза хандаовар намояд, лекин ин дунёи воқеист бо ҳама талош, ташвишу такопӯ, паси сар кардани монеаю душвориҳо.
Саҳнаи суғурҳо низ ҳайратангез аст. Онҳо ҳуштаккашон ин сӯ – он сӯ медаванд, то қуте пайдо кунанд. Саргарми ҷустуҷӯ ва хӯрдани ғизоянд онҳо. Нохост ба суғурҳо калхот ҳамла оварда, аз миёнашон фарбеҳтареро чанг мезанад ва ба ҳаво мехезад. Аз тарс суғурҳо ҳар тараф пароканда мегарданд. Аммо тадриҷан ором шуда, аз лонаҳояшон мебароянд. Вале ногаҳон аз паси буттаҳо аждаре намудор мешавад бо даҳони кушодаю забони беруноварда ва мехоҳад суғури фарбеҳеро ба ком кашад. Мор хомхаёлӣ кард. Дар ин лаҳзаи хатарнок суғури бешумор аз лона берун шуда, аҳлона ба душман дармеафтад ва ба ҳалокат мерасонад.
Вақти тамошо намоиш ба дараҷае  ба худ мекашад, ки ту танҳо мӯрчаҳо ё суғурҳоро намебинӣ. Ҳол он ки ин нахустин қадамҳои донишҷӯён дар саҳна аст. Онҳо аз уҳдаи иҷрои нақш хеле хуб баромаданд. Ҷавонони навмашқ бидуни ҳарфе танҳо садо мебароварданд: қасар-қусури мӯрчаҳо ва ҳуштаккашии суғурҳоро. Лекин ончунон монанд, ки дар ин селаҳо на ҳунармандон, балки лаҳзаҳои ҳаёти олами вуҳушро мебинӣ. Ин танҳо бо заҳмати дақиқ, машқи пайваста ва итоати бечунучарои актёрҳо ба коргардон дар иҷрои талабҳояш даст додааст. Маэстро дар кӯтоҳтарин муддат тавонистааст шогирдони хешро дар ин кори сангин муваффақ гардонад. Ин ду намоиши безабон бо мушоҳидакорӣ, навоварии муаллиф ва коргардон, маҳорати корбарӣ бо ҳунармандон, ҳамчунин, ҷанбаи фалсафии ин саҳнаҳои хурд аз ҳаёти олами вуҳуш касро на танҳо ба ҳайрат меорад, балки тасхир месозад.
Намоиши сеюм «Намоиши сагҳо» ном гирифта, басо ҷолиб баромадааст. Саҳна чун намоишгоҳи ҳақиқӣ оро ёфта. Дар паси миз ҳайати доварон, дар муқобил сагҳо, яъне донишҷӯён истодаанд, ки либоси одамӣ ба бар доранд. Соҳибони хушлибосашон бесаброна интизори оғози озмунанд. Дар саҳна ҳалқаҳо гузошта шудаанд, ки аз онҳо бояд сагҳо ҷаҳанд.
Садри ҳакамон бо забони англисӣ оғози сабқатро эълон мекунад ва сар мешавад ҳангомаи сагҳо. Яке аз ҳалқа мегузараду дигаре маккорона аз паҳлуяш. Ба ҷои ӯ ночор соҳибаш аз ҳалқа ҷаҳида мегузарад, саги айёр бошад, қаноатмандона дум меликонад. Ногаҳон ду саги калон ба ҳам дарафтоданду ба онҳо саги сеюм ҳамроҳ шуд. Бачаҳо якдигарро чун сагони ҳақиқӣ мехоиданд. Баъд рӯи миз ҷаҳида, гулҳоро чаппа карданд, доварон бошанд, аз тарс ба зинапояҳо баромаданд, ки аз ду паҳлуи саҳна меистоданд.
Озмун анҷом ёфт, ғолибонро эълон карданд. Се саги пирӯзгашта ба пояи фахрӣ баромад. Як саги интихобнашуда ба нишони «эътироз» саги ҷои сеюм гирифтаро тела дода, худ рӯи поя нишаст. Танҳо бо ёрии соҳибони онҳо адолат аз нав барқарор шуд.
Бо ҳамин бахши аввали намоиш анҷом ёфт. Бахши дуюми намоиш, ки «Подиум» ном дошту ба сари худ спектакли мустақил буд, дар дигар бинои донишгоҳ баргузор гашт. Толор пур аз меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯён. Онҳо шоҳиди рақсҳои гурӯҳии миллӣ, қироати ашъори ватандӯстона зери навои мусиқӣ ва роҳбарии коргардони варзида шуданд. Худи подиум - озмуни пироҳану костюмҳои миллӣ низ басо зебою хотирмон сурат гирифт.
Ростӣ, нафаҳмидем, ки ду соати намоиш чӣ хел гузашт. Ҳар баромади ҳунармандон бо кафкӯбӣ ва нидои «Офарин» истиқбол мешуд. Дар фарҷоми намоиш бошад, нидои аҳлонаи ҳам тамошобинон ва ҳам иштирокдорон «Устод Ҳошим!» то дер дар толор садо дод.
Наметавон гуфт, ки мо тамошогарон аз ин намоиши нави ҳунарманди шаҳир ба умқи фалсафаи муаллиф пурра расидем, зеро Ҳошим Гадо одам – муаммост. Ӯ бароямон аз олами ботинӣ ва фаҳмиши худ каме парда бардошта, гӯё мегӯяд,, боқиро худ дарк созед... Воқеан, нопурра гуфтан, ҳамеша хоси абармардони гузаштаву имрӯза буду ҳаст.
                                                                     
Л. ЖДАНОВА, ҳунаршинос  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед