порлумон
НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ МАРДУМРО ДАР ДУ ҲАВЗА БА ИНТИХОБОТ ФАРО МЕГИРАД
Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ корҳои омодагӣ муташаккилона идома доранд.
Шиору овезаҳои тарғиботиву даъваткунанда ва бозгӯи моҳияти интихобот дар рушди ҷомеа далолат аз кори босамари масъулони ҳавзаҳову участкаҳои интихоботӣ мебошад. Бо назардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ҳудуди ноҳия ду ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ - Бобоҷон Ғафуров № 14 ва Ӯрунхоҷаев № 15 ташкил шуда, ҳавзаи якум интихобкунандагонро аз шаҳри Бӯстон низ фаро мегирад.
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ӯрунхоҷаев № 15 - ум 204 ҳазору 692 нафар ҳуқуқи раъйдиҳӣ дорад, ки ба рӯйхат ворид шудаанд. Аз ин шумора 3 ҳазору 971 нафар ба синни 18 расида, бори нахуст дар интихобот ширкат меварзанд.
- Ман аз он ифтихор дорам, ки дар чунин як маъракаи муҳими сиёсӣ маротибаи аввал иштирок хоҳам кард ва дар интихоби вакили арзанда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ раъйи ман нақш мебозад, - мегӯяд Парвина Эргашева, сокини деҳоти Унҷии ноҳия, - ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакати мо ҷиҳати ба таври демократӣ баргузор шудани интихобот заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.
- Пеш аз иштирок дар интихобот ҳоло ман бо барномаҳои қаблазинтихоботии номзадҳо аз наздик ошно мешаваму дар мулоқотҳо ширкат меварзам ва танҳо баъд аз он ба номзади арзанда раъй хоҳам дод, - мегӯяд донишҷӯ аз ҳамин ҷамоат Маҳфуза Сатторова.
Дар суҳбат Абдурауф Муллобоев, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатии Ӯрунхоҷаев № 15 ва Хуршед Қосимӣ, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатии Бобоҷон Ғафуров № 14, иброз доштанд, ки дар участкаҳои интихоботӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё шуда, баҳри дастрасии саривақтии иттилоъ оид ба интихобот навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2020 №: 37 Мутолиа карданд: 2725