logo

порлумон

ИСФАРА. НОМЗАДҲО ДАР ТАЛОШИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РАЪЙИ МАРДУМ

Номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Исфара № 20 дидору мулоқотҳои худ бо интихобкунандагонро идома медиҳанд. Аз ин ҳавза 3 нафар - Абдудазиз Почоев, Бахтиёр Ҷалилов ва Мавзуна Шамсидинзода байни ҳам рақобат мекунанд, ки то ҳол шаш вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва се вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух баргузор намудаанд.
Номзадҳо дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон, асосан, рӯи барномаҳои пешазинтихоботии худ тамаркуз намуда, омодагии худро ба нақшгузорӣ дар пешрафти Ватани азиз баён доштанд. Онҳо, ки аҳзоби гуногуни сиёсиро намояндагӣ мекунанд, ба пешрафтҳои хоҷагии халқи мамлакат ишора намуда, изҳор доштанд, ки мо дар марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ қарор дорем ва бо рӯи кор омадани неруҳои тоза дар порлумони кишвар пояҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ ва рушду нумӯи минбаъдаи кишвар таъмин хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, интихобкунандагон низ дар ҷараёни вохӯрӣ бо номзадҳо фикру мулоҳиза, пешниҳодҳои хешро ҷиҳати иштироки фаъолона дар қабули қонунҳои саривақтӣ баҳри фаъолияти босамари соҳоти гуногун, рушди соҳибкорӣ, вориди технологияи инноватсионӣ ва нанотехнологӣ баён карданд.
Бино ба иттилои раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатии Исфара № 20  Саид Бақоев корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо мардум дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби нозирони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори баҳои мусбат гардидааст. Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 400 навиштаву овезаҳо дар мадди назари сокинони шаҳру ҷамоатҳо қарор гирифта, дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ лавҳаю овезаҳои даъваткунанда ба интихобот насб шудаанд. Барои раъйдиҳандагони имконияташон маҳдуд низ шароитҳои мувофиқ муҳайё гардидаанд.
Ҳамаи 79 участкаи интихоботӣ комилан бо маводи тарғиботӣ, мизу курсӣ, компютер ва дигар васоити алоқа таъмин мебошанд. То имрӯз дар шаҳр 4 маротиба семинари машварати дастурдиҳӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ доир шуд.
Мардуми Исфараи бостон чун  дигар сокинони манотиқи кишвар дар интихобот бо амри дил фаъолона иштирок ва барои шукуфоии Тоҷикистони азизу рӯзгори шоистаи мардум раъй хоҳанд дод.

Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 2689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед