logo

фарҳанг

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ИНТИЗОР ТО ИФТИХОР

Барои ман ҳамчун ҷавони даврони Истиқлолияти давлатӣ, махсусан, шунидани Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр гуворо ва хушоянд буд. Ба ҷуз ин ифтихор кардам, ки насли мо бо эҳсоси масъулиятшиносӣ барои пойдории истиқлол, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла, бар ҳифзи Ватан ва сарзамини аҷдодӣ омодаанд.
Сарвари давлат бо ризоят аз ин насл изҳор доштанд: “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар- Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”.
Ин насл роҳи дурусти интихобкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири ватансозиву ватандорӣ баръало дарк намуд. Бе ин дарк ва эътироф, инчунин, шинохти масъулият ояндаи кишвар ва давлати миллӣ, бешак, зери суол қарор мегирифт. Ба ин хотир, аз оғоз тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҷавонон аз таърихи пурифтихор ва ҳам дар айни замон фоҷиабор дарси ибрат гирифтаанд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд: “ Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем”. Ҳакиме барҳақ  фармудааст: “ Миллате, ки ба таърих рӯ меораду онро меомӯзад, насли ҷавонаш чун пирони хирадманд меандешанд. Насле, ки ба таърих таваҷҷуҳ намекунад, мӯйсафедонаш, бо ин ки хирадманд нестанд, мисли кӯдак меандешанд”.
Мо пеш аз ҳама бояд аз ҳодисаҳои солҳои аввали 90-уми асри гузашта сабақ бигирем, ки ба қадри неъмати истиқлолу ваҳдати миллӣ бирасем. Падарону модарони мо аз он рӯзгори фоҷиабори миллат барои мо ҳикоят мекунанд. Аз наворҳо ҳам дидаему аз китобҳову саҳифаҳои рӯзномаҳо хондаем. Душманони миллат чи аз дохил ва чи аз хориҷи кишвар тамоми саъю кӯшишро ба харҷ доданд, то миллате бо номи тоҷик ва кишваре бо номи Тоҷикистон дигар арзи вуҷуд накунад. Дар ин андеша буданд ва ҳам бовар доштанд, ки аз харитаи ҷаҳон “Тоҷикистон”-ро мебаранд. Аз ин рӯ, ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд. Ба оташи фитнаҳо, дасисаҳо равған рехтанд. Хонаҳоро сӯхтанд, мардумон фирор карданд. Ба гуфтану навиштан осон аст, ки дар ин ҷанг 150 ҳазор нафар қурбон шуд, 55 ҳазор кӯдак ятим монд.
Ин дар ҳоле буд, ки ҳама сохторҳо фалаҷ шуда буданд ва Артиши миллӣ вуҷуд надошт. Бо буҷети тамоман  харобгашта ва иқтисоди муфлисшудаи кишвар ба низом даровардани давлатдорӣ коре бас душвор буд. Албатта, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардондани фирориён, обод сохтани Ватан тасаввурнопазир маҳсуб мешуд. Дар чунин шароит зимоми роҳбарии давлатро танҳо Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт. Барҳақ иброз доштанд: “Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он даврон барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтаам”.
Барқарор кардани сулҳ ва ҳифзи кишвар бе таъсиси Артиши миллӣ ба ҳеҷ сурат даст намедод.
Аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз, яъне Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ муддати мадиде нагузашта буд, ки Артиши миллӣ таъсис ёфт. Артиши миллӣ дар он рӯзгор мисли имрӯз пешрафта набуд, аммо ҳамеша дар он ҷавонони содиқи Ватан, сарзамини аҷдодӣ хизмат карданду мекунанд.
Мушкилоти артиши навтаъсис зиёд буд. Ба мутахассисони варзида ва донандагони хуби соҳа ниёз дошт. Бо техникаву силоҳ, ки ҷавобгӯи талаботи давр бошанд, таъмин набуд.
Ҳатто мушкилоти таъмини пурраи ғизои кофӣ ва либоси ҳарбӣ ба аскарону афсарон равшан эҳсос мешуд.
Барои ҳимояи ин давлат ва истиқлолаш ҷавонон, ки дар сафҳои он бо сарсупурдагӣ хидмат мекарданд, ҷони азизи худро сипар намуданд. Оре, “ Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”.
Баъдҳо низ душманони мо ҳамаи тадбирҳоро андешиданд ва чеҳраҳои аслиашонро нишон доданд. Ба рағми ин миллат, ин сарзамин, истиқлоли мо бо силоҳ ба ҷанг бархостанд. Артиши миллии мо борҳову борҳо ин гурӯҳҳоро шикаст дод ва маҳв сохт. Душманони миллати мо дарёфтанд, ки дигар Артиши миллии Тоҷикистон зӯру тавонманд аст ва ҳамеша ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, кишвар омода мебошад.
Ба бахти мо ва ин миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Яъне, нафаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд ва барои пойдории истиқлол, пешрафти кишвари азизамон дар рӯзҳои бас душвор ҷон дар кафи даст доштанд. Сарвари давлат он чиро дар ояндаҳои дур медиданд, ки дигарон аз диданаш оҷиз буданд. Сарвари давлат маҳз ба хирад, ақлу заковати халқ такя мекарданд. Барҳақ дар он даврон иброз доштанд: “ Савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам”.  Имрӯз ҳар ҷавоне, ки шомили сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мегардад, ба ин мазмун, яъне дар пайравии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд мекунад. На танҳо савганд ёд мекунад, балки ба он вафо менамояд. Асари неки онро мо имрӯз равшан мебинем. Бо артиши тавонои кишварамон ифтихор менамоем, аз неъмату амну осоиштагӣ, истиқлолу ваҳдат бархӯрдорем. Албатта, дар баробари ин шукр мегӯем, ба ҷону дил шукр мегӯем. Инчунин, шод аз онем, ки Тоҷикистон - ин ягона хонаи умеди мо обод асту пешрафта ва фардои дурахшонтаре моро насиб мегардад.

Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи
давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 838