logo

ҳуқуқ

ХАДАМОТИ ИҶРО. ИҶРО НАШУДАНИ САНАДҲОИ СУДӢ АЗ МУШКИЛОТИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД

Соли 2019 ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар маҳалҳо зиёда аз 51 ҳазор мавод ва арзу шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ворид гардидааст. Аз ҷониби иҷрочиёни хадамот бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 40 394 (69,9 дарсад) ҳуҷҷатҳо таъмин гардидааст.

Аз 51 ҳазор арзу муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зиёда аз 38 ҳазори он аз мақомоти судӣ мебошад. Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир сари вақт ё дар бештари ҳолат, умуман, иҷро нашудани санадҳои судӣ асосан, дар самти ҷуброни зарар зиёд ба мушоҳида мерасад.
Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷро, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод гуфт, ки омилҳои иҷро нашудани санадҳои судӣ ин надоштани шароити баргардондани қарз ё зарар аз ҷониби нафароне, ки бо ҳукми суд муваззаф шудаанд, инчунин, дар хориҷа ҳузур доштани онҳо мебошад. 
Сардори хадамот, аз ҷумла дар вокуниш ба матлаби рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки 11 декабри соли 2019 бо номи «Ҳукми суд иҷро намешавад, чаро?» мисол овард, ки аз ҷониби иҷрочии хадамот дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади таъмини иҷрои санади судӣ ҷиҳати аз ҳисоби қарздор Ш. Сафарова ба фоидаи С. Давлатов рӯёндани маблағи зарар амалҳои иҷро пурра гузаронда шуд, аммо молу мулк, маблағҳои пулӣ ва даромади дигари қарздор Ш. Сафарова дарёфт нагардид. Аз баёноти қарздор бармеояд, ки айни замон ӯ донишҷӯи коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, бо сабаби надоштани шароити молию пулӣ имконияти пардохти маблағи зарари расондаашро надорад. Падари ӯ Р. Сафаров низ дар баёноташ қайд кардааст, ки имконияти молиявии пардохти зарари расондаи духтарашро надорад. Ҳамчунин, тибқи маълумотномаи ҷамоат ва бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи мазкур оилаи Ш. Сафарова ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидааст.
Бо вуҷуди танҳо наздик ба 70 дарсад иҷро шудани санадҳои судӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ вазъ дар ин самт хубтар ва рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ мешавад. Чунончи Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки баъди таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ ва сатҳи иҷрои санадҳои судӣ аз пештара дида беҳтар шудааст.
Ба гуфтаи сардори Хадамоти иҷро, бо назардошти аз манфиат холӣ набудани истифода ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар самти истеҳсолоти иҷро барои иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот хадамот дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Бо ҳамин мақсад, соли 2019 хадамот бо роҳбарияти барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» - и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар заминаи ин созишнома хадамот бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд бо иҷрочиён машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор намуд.
Илова бар ин, ҷиҳати беҳтар шудани шароити кории иҷрочиён дар Суди Олии иқтисодӣ ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Левакант, Дарвоз, Роштқалъа, Вахш, Фархор, Спитамен, Деваштич, Рӯдакӣ, Варзоб ва Лахш пурра таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
- Хадамоти иҷро бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки он минбаъд ба сифати беҳтар гардидани иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами соҳа мусоидат хоҳад кард. Инчунин, феълан ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Иттифоқи байналмилалии судиҷрочиён, мақомоти иҷрои маҷбурии Россия ва ҷумҳуриҳои Беларусу Арманистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд, - гуфт сардори хадамот.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 1125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед