logo

порлумон

РАШТ. МУЛОҚОТИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар доираи чорабиниҳо ва вохӯриҳои  пешазинтихоботӣ дар ноҳияҳои водии Рашт, мулоқоти номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, № 12  Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон дар ноҳияи Тоҷикобод доир гардид.  Вохӯриро раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи якмандатии Рашт, №12 Муллоҷон Аҳмадов оғоз намуда, зикр кард, ки бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иштирок намоем.
Сокини ноҳия Баҳодур Абдусатторов доир ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои шоёни Маҳмадтоир Зокирзода ҳарф зад. Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки саҳми Маҳмадтоир Зокирзода зимни фаъолияти меҳнатиаш  дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ дар ободонию рушди ноҳия назаррас буда, номбурда ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоён намудааст.
Дар назди ҳозирон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12  Маҳмадтоир Зокирзода барномаи пешазинтихоботии худро  муаррифӣ намуд. 
Барномаи номзад таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоиста” тарҳрезӣ шуда, самтҳои гуногуни хоҷагии халқро дарбар мегирифт.  Аз ҷумла, мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати  рушди соҳаи кишоварзӣ, истифода аз захираҳои энергетикии кӯҳистон тараққии инфрасохтор дар деҳот, дастрасии бештари аҳолӣ ба ёрии аввалияи тиббӣ, ислоҳот дар соҳаи маорифу фарҳанг, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ  аз ҳадафҳои умдатарини барнома ба шумор мераванд. Аз барномаи номзад аён гардид, ки  ҳадафҳои он асосан ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони манотиқи кӯҳистон нигаронда шудаанд.
Чунин мулоқотҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони  ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Рашт ва Нуробод дар сатҳи баланд ва хотирмон доир гардиданд. 

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 2827
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед