logo

фарҳанг

КИТОБХОНА ВА ҶОМЕА

Китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар он дастовардҳои беҳтарини хаттиву электронии инсоният захира ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Китобхонаи имрӯза на танҳо дар баландбардории донишу маънавиёти инсон, балки дар рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, такмили малакаи истифодаи таҷҳизоту васоити инноватсионии иртиботӣ, ошноӣ бо иттилооти замонавию дастовардҳои ҷаҳони муосир таъсири бориз дорад ва аз ҳама муҳим зеҳни шахсияти китобдӯстро равнақ медиҳад.
Беҳуда нест, ки имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Мисоли равшани гуфтаҳои Пешвои миллатро мо дар фаъолияти китобхонаҳои бузурги хориҷӣ мебинем, ки аз захираи бузурги онҳо на танҳо хонандагони кишвар, балки тамоми ҷаҳон самаранок истифода мебарад ва эҳтиёҷоти хешро тавассути фонди анъанавӣ ва ё захоири китобхонаи рақамии маҷозӣ (вертуалӣ) қонеъ мегардонад. Тамоми кишварҳои мутараққии дунё захираи иттилоотии рақамии маҷозии хешро бо истифода аз шабакаи доимоамалкунандаи интернет ба хонандагон манзур менамоянд ва бо ин роҳ як қисми хароҷоте, ки китобхонаҳо дар бунёди пойгоҳҳои электронӣ (таҷҳизот, технология ва такмили ихтисоси кормандон) сарф кардаанд бармегардонанд. Муҳимияти ин пойгоҳҳо дар он аст, ки тамоми китобхонаҳои хурду бузурги кишвар ба он пайваст мебошанд ва маводи заруриро метавонанд бемамониат дастраси хонанда гардонанд ва ё худи хонанда, агар узви китобхона (соҳиби корт ва ё иҷозати воридшавӣ ба ин захира) бошад, дар мавриди зарурат (рӯзона ва ё шабона) аз он истифода менамояд. Ин низоми густурда метавонад дар кишвари мо низ татбиқ карда шавад, чунки имрӯз бо дастгирии Сарвари давлат китобхонаи бузургу барҳаво ва бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосири иртиботӣ таъмин, аллакай, мавҷуд аст ва танҳо китобхонаҳои поёниро (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот) бо таҷҳизоту технологияи замонавӣ таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст кардан зарурат дорад. 
Аз ҷумлаи ибтикороти ҳадафрас ва манфиатбори соли охир Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” буд, ки он тавонист дар атрофи худ ҳазорон дӯстдорони китобу маънавиёт, илму адаб ва фарҳангро ҷалб созад ва дар ҷомеаи тоҷик таҳаввулоти ҷиддие дар самти рӯ овардан ба китобу хониш, донишандӯзиву азбарнамоии осори гаронмояи ниёгону адибони муосир роҳандозӣ намояд.
Баргузории ин чорабинии ҳаётан муҳим фаъолияти китобхонаҳои кишварро аз нав эҳё ва онро ба хонанда наздик мегардонад, ки самараи он рушди минбаъдаи ҷомеаи тозабунёди тоҷикро таъмин ва таккони ҷиддӣ дар иттилоотонии аҳолӣ, такмили донишу маънавиёт ва фарҳанги мардум таъсири бориз мегузорад. Ҷалби аҳолӣ ба хониш ба такмили савия ва малакаи касбии китобдор таъсири мусбат мерасонад. Дар таъмини ниёзҳои хонанда китобдорро зарур аст, ки на танҳо такя ба захираи китобию электронии худ намояд, балки дар ҳолатҳои муайян аз китобхонаҳои дигар тавассути аббонементи байникитобхонавӣ маводи заруриро дархост ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба хонанда дастрас намояд. Хусусан, дар таъмини эҳтиёҷоти насли наврас китобдор бояд ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад, чунки наврасон ниҳоят зирак ва дар сурати таъмин нагардидани эҳтиёҷоти хеш мумкин аст, ки ба китобхона бори дигар муроҷиат насозанд.    
Имрӯз теъдоди китобҳои тозанашри адабӣ ниҳоят афзуда бошанд ҳам, дар китобхонаҳои деҳот номгӯйи ками онҳо ба чашм мерасад. Сабаби дастрас нагардидани китобҳо ба китобхонаҳои деҳот зиёданд. Сабаби аввал гаронии нархи китоб бошад, дигар сабаб ин дастрасии китобхонаҳои деҳот ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ мебошад. Ғайр аз ин, боз сабабҳое низ ҳастанд, ки аз кордонӣ ва маҳорати китобдор вобастагии ногусастанӣ дорад. Мисол дар як деҳа китобдор бо ҷалби аҳолӣ тавонистааст тамоми китобҳои тозанашр, таҷҳизоти нави компютерӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва таъмини хонандагони хешро бо маводу иттилооти зарурӣ таъмин намояд ва дар радифи он китобхонаи деҳаи ҳамсоя қариб аз тамоми дастовардҳои китобхонаи аввал маҳрум аст. Хотирнишон менамоем, ки яке аз малакаҳои касбии китобдор кор бо аҳолӣ аст. Муҳайё сохтани фазои мусоиди фарҳангию маънавии деҳот яке аз вазифаҳои муқаддаси китобдор маҳсуб меёбад, аз ин рӯ, ӯро лозим аст, ки аз тамоми воситаю захираҳои мавҷуда моҳирона ва самаранок истифода барад. Китобдор бояд захираҳои мавҷудаи моддӣ, зеҳнӣ ва табиии деҳаи худро донад. Тавонад, ки мардуми деҳаро ба кори китобхона ҷалб намояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин захира ба манфиати мардум ва тарбияи насли наврас истифода намояд. Ҷалби мардум ба шанбегӣ барои таъмири китобхона, дар рӯзи умумиҷаҳонии ҳадияи як китоб аз ҷониби ҳар як оила, ҷалби сармоя аз ҳисоби намояндагони сарватманд ва саховатпеша, пешниҳоди лоиҳа ба ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ғайраро китобдори деҳот имрӯз бояд дар амал татбиқ намояд.   
Соҳаи китобдории тоҷик аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, рӯ ба сӯйи рушд ниҳодааст ва китобдорони кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо меҳнати содиқона ва софдилонаи хеш ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав комёб гарданд ва аз иҷрои нақшаҳои бузурге, ки имрӯз ҷомеаи муосир дар назди онҳо мегузорад, бомуваффақият бароянд.

Қ. БӮРИЗОДА, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2020    №: 38    Мутолиа карданд: 943
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед