мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Исмоилхон
15 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нерӯ ва захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхонро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба бунёди хати 220 - киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон, хати 500 - киловолтаи миёни Қирғизистон - Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон, КАСА – 1000 ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ зоҳир гардид.
Муҳаммад Исмоилхон ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки сохтмони хати 220 - киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон дар ҳудуди Афғонистон низ оғоз ёфт ва баъд аз 10 моҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба нақшаҳои сохтмони роҳу пулҳои нави мошингард ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон, доир ба авзои иҷтимоӣ - сиёсии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
www.president.tj
Муҳаммад Исмоилхон, вазири нерӯ ва захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки 14 феврал дар ҳудуди ҶИА (минтақаи Бандари Шерхон) бо ширкати Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳ ва гузоштани такягоҳи хати интиқоли барқи 220 - киловолта баргузор гашт.
Арзиши лоиҳавии пружа танҳо дар ҳудуди Афғонистон ба 27 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буда, мавриди амал қарор гирифтани он 10 моҳ пешбинӣ шудааст.
-Бо татбиқи ин тарҳ,- гуфт Муҳаммад Исмоилхон,- мо метавонем дар ҳаҷми 300 мегават нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон, аз ҷумла ба вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бағлон интиқол диҳем. Тасмим гирифтаем, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар шаҳрҳои Қундуз, Тахор ва Бағлон сохтмони саристгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва хатҳои интиқоли барқро анҷом диҳем.
Вазири нерӯ ва захираҳои оби Афғонистон иброз дошт, ки бо ба кор даромадани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мо на танҳо шимоли Афғонистон, балки ҷанубу шарқи кишвар ва давлатҳои ҳамсояи Покистону Ҳиндустонро низ бо барқи Тоҷикистон таъмин карда метавонем.
Додоҷон Рӯзиев,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1978