logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

БОЗДОШТ
Хӯҷа Каримов дастгир ва ба Душанбе оварда шуд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир ва истирдоди шаҳрванд Хӯҷа Каримов аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳиддаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Хӯҷа Каримов (Хӯҷа - командир) зодаи ноҳияи Хуросон буда, барои содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, ранҷу азоб, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Дафтари матбуоти вазорат бо нашри хабари расмӣ дар ин бора, аз шаҳрвандон хостааст, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Каримов Хӯҷа Раҳимович маълумот ва далеле доранд ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтанд, тавассути телефони боварии вазири корҳои дохилӣ - 221-21-21 ва рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96  ба раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоянд.
Боздошти Хӯҷа Каримов, дар шаҳри Дубай ва ба Душанбе овардани ӯ натиҷаи ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ арзёбӣ мешавад.

КОРРУПСИЯ
боз як заминфурӯшро ба курсии айбдорӣ кашонд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Шукур Мусоев, мутахассиси КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Исфара, хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда замони фаъолияташ дар ин мақом давоми солҳои 2015 – 2017 аз шаҳрванд Мирзобаҳром Раҳматов барои иваз намудани таъйиноти қитъаи замини бошишгоҳи саҳроӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара 12000 доллари амрикоӣ гирифта, ба ӯ зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
Дар робита ба ин ҳолат, нисбат ба Ш. Мусоев бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ҶАВОБГАРӢ
Боздошти се нафар бо гумони дуздии 8 адад телевизор
Кормандони мақомоти милитсия се сокини шаҳри Душанбе – мардони 24, 26 ва 46 - соларо бо гумони дуздии 8 адад телевизор аз коргоҳи як соҳибкори чинӣ дар пойтахти мамлакат боздошт карданд.
Дар бораи дуздии амволаш шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки муваққатан дар кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе иқомат дорад, ба ШВКД – 1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат кардааст. Ин амали ҷинояткорона шаби 16 - 17 феврали соли ҷорӣ содир шуда, зарари расондашуда 8 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, дуздии телевизорҳо аз коргоҳи соҳибкори чинӣ дар ҳамдастӣ ё маслиҳати пешакӣ бо муҳофизи корхонаи мазкур - марди 60 - сола сурат гирифта, ҳоло ин амал мавриди тафтишот қарор дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2020    №: 38    Мутолиа карданд: 1087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед