мулоқотҳо
Ричард Ҳолбрук паёми Борак Обамаро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд
20 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершумори Тоҷикистон оид ба мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт:
-Тоҷикистон хоҳони сулҳи пойдор дар саросари Афғонистон ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ин ҳамсояи наздики худ аст.
Ричард Ҳолбрук нахуст дуруду паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Борак Обама ва Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба талошҳои Тоҷикистон баҳри таҳкими эътидолу субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва аз номи ҳукумати кишвараш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба Президенти Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳамчунин изҳор дошт:
-Тоҷикистон бо муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ ва робитаҳои мустаҳкамаш бо Афғонистон метавонад дар барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти ин кишвар нақши бузург дошта бошад.
Гуфтугӯи судманд оид ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон, таҳкими сохторҳои идораи давлатии он ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба сохтмони роҳу пулҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.
www.president.tj
Ричард Ҳолбрук пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро аз натиҷаҳои мулоқот ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён намуд:
-Дар давоми шаш моҳи охир маротибаи савум аст, ки бо роҳбарони баландрутбаи Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳам. Соли гузашта зимни баргузории иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ дар Нию - Йорк бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақрибан даҳ рӯз пештар дар Вашингтон бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Амрикову Тоҷикистон, авзои минтақа ва як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар карда будем.
-Дар мулоқоти имрӯза,- гуфт Ричард Ҳолбрук,- масоили вобаста ба вазъи кунунии Афғонистон, омилҳои расидан ба мусолиҳаи миллӣ, барқарорсозии иқтисодиёти он, инчунин мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дошт.
Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон ва Покистон таъкид ба амал овард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар поён ёфтани даргириҳо дар Афғонистон буд ва мебошад. Пайвандҳои мустаҳками таърихӣ, динӣ, забонӣ ва фарҳангии он имкон медиҳанд, ки дар ҳалли мушкилоти ин кишвар, махсусан дар масъалаи расидан ба сулҳу суботи саросарии ҶИА нақши муассир бозад.
Ричард Ҳолбрук аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Амрикову Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зимнан бунёди роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро аз зумраи омилҳои асосии рушди иқтисоди натанҳо Тоҷикистон, балки кулли минтақа маънидод кард.
Додоҷон Рӯзиев,
“Ҷумҳурият„
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2027