logo

фарҳанг

ГУЛБАСТ. САНЪАТЕ, КИ ХУСУСИЯТИ МИЛЛӢ ДОРАД

Гулбаст як навъ либоси миллии маъмул дар минтақаи Кӯлоб буда, яке аз серхаридортарин матоъ дар баробари чакану атлас дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад. Ба шаҳодати мардумшиносон гулбаст як гунаи либоси сирф мардумист, ки онро бонувон бештар дар навоҳии ҷануби кишвар истеҳсол ва ба бар мекунанд.

Гулбаст ба ҳайси як матои бо санъати нодир омодашуда дар феҳристи сарулибоси ифтихории бонувон ҷо гирифтааст. Тавре аз номаш ҳувайдост, гулбаст ба монанди чакан саропо гулпӯш аст. Вале он аз чакан бо нозукиҳои хосаи омодашавии касбияш фарқ мекунад. Агар ду-се даҳсола пештар чакандӯзӣ ҳунари хонаводагию ҳатмӣ барои ҳар бонуи рустоӣ маҳсуб меёфт, гулбастбандӣ ин тавр нест. Зеро гулбаст аз бонувон он гуна заҳмати сангин ва чолокию зиракӣ металабад, ки на ҳар кас тавони омӯхтану аз худ кардани онро дорад.
Ба қавли бонувони куҳансол, гулбаст яке аз либосвории ориёӣ буда, суннатҳои ҳирфаии он тақрибан аз байн рафтаанд. Танҳо дар ҷануби кишвар ва шояд дар баъзе аз дигар рустоҳои кӯҳистони мамлакат солорбонувоне бошанд, ки ин анъанаи ҳунари бонувони ориёиро то ба имрӯз нигаҳ доранд. Дар гузашта бонувони ориёӣ гулбастро аз катони хеле нозук ва маҳин, ки замони ахир ҷои онро дока гирифтааст, истеҳсол мекарданд.
Ҷараёни омода намудани гулбаст дар дегҳои бузурги суннатӣ сурат мегирад. Барои омода намудани як сарулибоси гулбаст докаро аз се деги ҷӯшон мегузаронанд ва рангрезӣ мекунанд. Шигифтии ин ҳунар дар он аст, ки ҳини омодасозии гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. Вале пас аз 240 соат матои рангину пурҷилои пур аз моҳу ситора пайдо мешавад.
Савронбӣ Ҳасанова, сокини кӯчаи Муҳаммадӣ Ҳакимови шаҳри Кӯлоб, (дар ин кӯча қариб ҳамаи бонувони хонашин ҳунарманданд, бештарини онҳо чакандӯзанд) яке аз чеварони моҳир ва устои чакандӯзиву гулбасткор мебошад, ки аз ҳунари доштааш рӯзғорашро пеш мебарад. Савронбӣ тарзи омода кардани ин либосро барои мо чунин шарҳ дод: «Аввал, мо матои сафед, сони махсус аз бозор харидорӣ карда, онро бо оби гарм як бор мешӯем. Баъдан, бо усулҳои хоси худ бо ресмон мустаҳкам баста (чунон мустаҳкам бастан лозим аст, ки то ранги дигар нагузарад) рангкорӣ мекунем. Баъд дар офтоб мегузорем. Ин корро бояд дар рӯзи офтобӣ анҷом дод. Пас аз офтоб кардан, боз ранг мезанем ва баъд гулҳоро бо ҳар ранги хос оро медиҳем. Барои омода кардани гулбаст то 3-4 рӯз кор мекунем. То пурра тайёр шудани як сарулибос 10 рӯз бояд заҳмат кашид. Ин як санъати хос аст, ки ҳама гуна матоъро намешавад барои омода кардан истифода кард. Гулбаст маҳорати бештарро талаб мекунад, ки ҳар нафар анҷом дода наметавонад, инчунин, сирри хоси худро дорад. Гулбасти мо гулҳои ситораву моҳтоб дорад ва панҷаи одам низ дар он нақш карда шудааст».
Ба гуфтаи ҳунармандон, матои гулбаст на тарроҳӣ мегардад ва на қолабрезӣ. Ҳатто аксҳои моҳу ситора бар асари чолокона бастани кунҷу канори матоъ бо ресмони маҳин ҳосил мешаванд. Гулбаст маъмулан 3 ранг дорад. Аз сӯи дигар, дар гулбаст аз ягон ранги кимиёвӣ истифода намебаранд. Барои аз худ кардани ҳунари гулбаст ҳатман онро аз ҳунарманде бояд омӯхт.
Ростӣ, вақте ки ба гулбаст назар медӯзӣ, ҳеҷ боварии шахс намеояд, ки ҳамин матои гулбезро бе ягон қолаб, бе тарҳ, бе қаламзанӣ рӯи кор овардаанд.

Маҳмуд БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2020    №: 39    Мутолиа карданд: 655
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед