иқтисод
ТОҶИКОБОД. СОҲИЛИ СУРХОБ МЕТАВОНАД ҲОСИЛХЕЗ БОШАД!
Заминҳои соҳили дарёи Сурхоб дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод, ки аз сангобу регзори беҳосил иборат мебошанд, тибқи ҳисобҳо бештар аз 20 ҳазор гектарро ташкил дода, солиёни зиёд, балки асрҳо бекор хобидаанд. Дар кӯҳистон, ки ҳар ваҷаб замини корам арзиши баланд дорад, масъалаи истифодаи оқилонаи он сокинонро бетараф гузошта наметавонад.
Аз ин рӯ, ҳанӯз аз солҳои 90 - уми асри гузашта ин масъала, яъне ба замини корам табдил додани соҳилҳои дарёи Сурхобро Ҳоҷиқурбон Абдуҷабборов, роҳбари корхонаи «Наврӯз» ба уҳда гирифта, бо қувваи корхонаи худ аз қисмати чапи дарёи Сурхоб ба ин кор шурӯъ намуда буд. Соли 1997 бо усули инноватсионӣ бо сохтани садди ҳимоявӣ 100 гектар замини сангоб аз шустани дарё эмин нигоҳ дошта шуд. Ҳамон сол 40 гектари он ба аҳолӣ тақсим гардид, ки тайи 20 сол аст мардуми деҳаи Зафаробод аз ин заминҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, қитъаҳои боғ низ бунёд кардаанд.
Аз ин ба хулосае омадан метавон, ки имкони ба заминҳои корам табдил додани ҳазорҳо гектар замини сангоб дар ҳудуди ноҳия мавҷуд мебошад. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки соҳилбандӣ, сохтани дарғот, кашондани хок ва амсоли ин корҳо маблағи калонро талаб мекунад, аммо таҷрибаи корхонаи «Наврӯз» нишон дод, ки барои ин кор на он қадар хароҷоти калон лозим аст.
Тавре дар суҳбат Ҳоҷиқурбон Абдуҷабборов иброз намуд, барои азхудкунии заминҳо сохтани роҳ, овардани канали об ва кашондани хок аз дигар мавзеъҳо лозим намешавад. Ҳамасола боришоти зиёд хоки кӯҳҳоро шуста ба дарё ва соҳилҳо мерезад. Дарёҳо бошанд, хусусияте доранд, ки ҳамеша соҳили рости худро мешӯянд ва соҳили чапро аз лойқа пур месозанд. Соҳилбандӣ танҳо вақти камобии дарё, яъне тирамоҳу зимистон имкон дорад. Дигар кардани маҷрои об, бастани соҳилҳо, хокӣ кардани заминҳо тарҳ ва нақшаҳои махсусро дорад, ки оҳиста - оҳиста имконияти аз худ кардани заминҳо ба вуҷуд меояд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2020 №: 39 Мутолиа карданд: 720