logo

ҳуқуқ

"БАҲСИ ДУ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР"

Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Баҳси ду хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор», ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи  «Ҷумҳурият» (20 декабри соли 2019, таҳти № 243) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Тавре аз муҳтавои маводи таҳлилӣ бармеояд, хоҷагии деҳқонии «Осим – 18» - и ноҳияи Фархор норозигиашро аз натиҷаи ҳалли баҳс бо хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» - и ноҳияи Фархор изҳор кардааст.
Омӯзиши маводи парванда нишон дод, ки бо ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 2 июли соли 2019 аризаи даъвоии хоҷагии деҳқонии «Осим – 18» ба ҷавобгарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, кумитаи идораи замини ноҳия ва хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Фархор аз 30 январи соли 2019 таҳти № 93 ва бартараф кардани монеагӣ оид ба истифодаи замин рад карда шудааст. Аризаи даъвоии муқобили даъвои хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Осим – 18», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаи идораи замин ва Ҷамоати деҳоти Ғайрат дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 7 марти соли 2018 таҳти № 98 «Дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Осим – 18» қонеъ шудааст.
Марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 2019 шикояти кассатсионии хоҷагии деҳқонии «Осим - 18» - ро беқаноат монда, ҳалномаи номбурда эътибори қонунӣ пайдо намудааст.
Далелҳои дар мақола овардашуда, аз ҷумла гӯё аз ҷониби суд қарори раиси Ҷамоати деҳоти Ғайрат аз 26 августи соли 2005 «Дар бораи рушди соҳаи чорводорӣ ба хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» вобаста кардани майдони умумии 187, 77 гектар замин» ба асос гирифта шудааст, ҳол он ки хоҷагии деҳқонии «Толибҷон» ҳуҷҷати тасдиқкунандаи замин надорад ва аз ҷониби суд меъёрҳои Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» нодуруст татбиқ шудаанд, муҳокима гардид. Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 96 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, аз тарафи суди болоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Аз ин рӯ, ба муроҷиаткунанда тавзеҳ дода мешавад, ки ҳуқуқ дорад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

З. АМИНЗОДА, муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2020    №: 40    Мутолиа карданд: 1042
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед