logo

фарҳанг

ПАЁМ. САНАДЕ, КИ САОДАТ МЕОФАРАД

Воқеан, меҳвари ҳар як Паёми Президенти маҳбуби кишварро нақшаву барномаҳои ҷадид ва ҳадафҳои дурнигарона дар самти таъмини пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз, муаррифии фарҳангу тамаддуни инсонгароёнаи халқи тоҷик ба аҳли олам ва таъмини рӯзгори босаодати сокинони диёр фаро гирифта, иқдомҳои умедбахши дар паёмҳо зикршаванда умеду боварии  мардумро ба сӯи ояндаи ободу дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, аз дигар паёмҳо бо он тафовут дорад, ки меҳварашро масъалаҳои баланд бардоштани донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ ва хиради хурду бузурги кишвар фаро гирифта, ҳар пиру барноро водор месозад, ки бори дигар боифтихор аз мероси гаронбаҳои гузаштагони бошарафи хеш рӯй ба китобу китобхона оваранд. Зеро, ба таъбири ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Ташаббуси наҷиб ва дастури саривақтии муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ равона мегардад, дар мавриди зиёд намудани чопи китобҳои бадеӣ боиси пуштибонии ҳамешагӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби калонсолону хонандагон ба роҳ мондани мутолиаи на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир дар як сол хеле пешниҳоди муҳим ба ҳисоб меравад.
Иқдоми хирадмандонаи навбатие, ки дар меҳвари Паём қарор гирифт, бо дастури муҳтарам Президент таъсис додани китобхонаҳо бо фарогирии адабиёти бадеӣ дар ҳар ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият маҳсуб меёбад.
Пурзӯр гардондани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан низ дар меҳвари Паём қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.
Албатта, ин ва дигар тадбирҳои судманд дар самти баланд бардоштани донишу маърифати аҳолӣ боиси пайравӣ ва шоистаи дастгирӣ буда, мардумро ба донишомӯзиву хештаншиносӣ ва огоҳӣ аз таъриху фарҳанг раҳнамоӣ мекунад.
Дар мавриди саҳмгузории шоистаи сокинони кишвар дар амри вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни муқаддаси миллиамон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».
Сокинони шаҳри Бӯстон Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро ҳамчун ҳидоятнома ба фардои дурахшон ва санади саодатофар истиқбол намуда, кӯшиш менамоянд дар заминаи ин андешаву афкори дурнигаронаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ баҳри шукуфоии бештари Тоҷикистони маҳбуб ҳиссаи босазо гузоранд.

Раъно ҲОШИМЗОДА, раиси шаҳри Бӯстон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед