logo

сиёсат

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. 2020 БАРОИ ТОҶИКИСТОН СОЛИ ПУРМАСЪУЛИЯТ ХОҲАД БУД

Тоҷикистон соли 2019 раёсати худ дар чанд созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми Ҳамкории амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро ба наҳви шоиста ба поён расонд. Дар ҳамин ҳол, беш аз 300 ҳайати хориҷӣ ва байналмилалӣ соли гузашта аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки ин амр дар густариши бештари муносибатҳои байналмилалӣ ва афзудани нақши кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошт.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, бо баёни ин нукта зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати хориҷии давлат фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар, супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дастурҳое, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба роҳ мондааст.
Тоҷикистон соли сипаришуда бо мизбонии ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз қабили Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16 - 17 май), ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония (17 - 18 май) панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (14 - 15 июн) дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои умдаи байналмилалӣ саҳми босазо гузошт.
Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони омӯзиш, илм ва фарҳанги СММ дар соли гузашта босамар буд. Дар 40- умин Конфронси умумии ЮНЕСКО, ки дар Париж 12 – 27 ноябр баргузор шуд, пешниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи ворид намудани 5500 - солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм ва 700 - солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати бузургдоштҳои ЮНЕСКО дар солҳои 2020 - 2021 пазируфта шуданд. Қарор аст, ки маросими бузургдошти 5500 - солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри соли 2020 бо иштироки мудири кулли ЮНЕСКО баргузор гардад.
Дар ин давра заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷии он дар натиҷаи имзои 71 санади дуҷониба ва бисёрҷониба таҳкими бештар ёфт. Аз ин теъдод 21 санад қарордоди байналмилалии байниҳукуматӣ ва 50 санад қарордоди байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид ба он дошт, ки соли 2020 барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон соли пурмасъулият хоҳад буд. Дар соли ҷорӣ раёсати кишвар дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Қалби Осиё/Раванди Истанбул оғоз мешавад. Ҳамчунин, Тоҷикистон мизбони ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бобати татбиқи ташаббуси чаҳоруми ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028", Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё/Раванди Истанбул” ва конфронси навбатии байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм хоҳад буд.
Ҳадафи кишвари мо аз чунин иқдомҳои шоиста дар арсаи байналмилалӣ гузоштани саҳми арзанда ба ҳифзи сулҳу субот дар минтақаю ҷаҳон ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба рушди пойдор ва муҳити зист аст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед