logo

фарҳанг

ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО. БИЁЕД, БА ТАЪРИХ ХИЁНАТ НАКУНЕМ ДИГАР...

Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки гузаштаи миллати тоҷикро бо шеваҳои мухталиф ба имрӯзиён муаррифӣ мекунад. Мояи ифтихори ин миллати куҳанбунёд аст, ки чанде аз онҳо шомили феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО гардидааст. Вале, мутаассифона, вазъи чунин мероси пурарзиши ниёгон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки қисме  аз онҳо сол ба сол харобу валангор гашта, теъдодашон ба коми нестӣ мераванд. Чунончи, аз 129 ёдгории таърихии дар ҳудуди ноҳияи Ёвон бақайдгирифташуда ҳоло танҳо харобаҳои ночизи Ғаравқалъа мондаасту халос.

ШАҲРИ БУЗУРГ КУҶО ШУД?
Яке аз чунин ёдгориҳо миёни деҳаҳои Лолазор ва Коминтерни ноҳияи Кӯшониён воқеъ буда, тибқи иттилои бостоншиносон, дар гузашта шаҳри бузурге будааст.
Ҳоло ин таърихгоҳ мадфунгоҳи мардуми деҳоти Меҳнатобод ба шумор меравад. Дар болои қабрҳо пораҳои хум, кӯза, обгина ва кошипораҳо аз гили пухта, далясангҳои хурду бузург ва пораҳои дастос намоёнанд. Ба андешаи Муҳаммад Сафоев, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон: “Харобаҳои ин мавзеъ гувоҳи биноҳои қадима ҳастанд. Аз сабку сохти зарфҳо маълум аст, ки онҳо ба асри III мелодӣ ва баъд нисбат доранд”.
Тавре сокинони маҳаллӣ дар суҳбат гуфтанд, тахрибкории ёдгорӣ аз солҳои 90 - уми қарни гузашта оғоз гардида, то кунун идома дорад. Аз ҷумла, дар қисми шимолу шарқии ёдгорӣ дар масоҳати 1,5 гектар бинои монанд ба ферма ва хонаи истиқоматӣ бунёд шудааст. Аз боқимондаҳои шолипоя маълум мегардад, ки қисми зиёди ёдгориро тавассути техника ҳамвор намуда, чанд сол шолӣ коштаанд.
Дуртар аз шаҳр – дар самти ҷанубу шарқӣ харобаи биное воқеъ мебошад, ки, ба гуфти Муҳаммад Сафоев, он бо шаҳр алоқаманд буда, тахмин  дар вақташ маъбади шаҳр ва ё бинои муҳими маъмурӣ ба шумор мерафт. Ба иттилои шоҳидон, тарҳи бинои мазкур то соли 2005 намоён буд, вале дар натиҷаи ба қабристон табдил додан, боғ бунёд кардан ва зироат коштан ёдгорӣ хароб гашт.
Дар ҳамин самт як гӯртеппа низ мушоҳида мегардад, ки бостоншиносон онро қабри ҳокими ҳамин шаҳр мешуморанд. Тибқи нигоштаи таърихдонон, дар аҳди бостон қабри ҳокимон ва сарваронро бо ҳашамат дар болои теппаҳо интихоб мекарданд. “Дар атрофи ин гуна гӯртеппаҳо оромгоҳи сокинони шаҳр воқеъ мешуд”, - иброз медорад Муҳаммад Сафоев.
Вале, мутаассифона, ҳоло  барои пажӯҳиши ҳамаҷонибаи ёдгорӣ имкони камтар боқӣ мондааст, зеро он  харобу дастнорас гашта, дар ҷояш боғ бунёд кардаанд. 

ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО – ҚАРЗИ МО ДАР НАЗДИ ТАЪРИХ
Ёдгориҳои таърихӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ,  мероси маънавии ниёгон ва падидаи иҷтимоию  ифтихорбахш, ифодагари анъанаву андешаи гузаштагони мо мебошанд. Онҳо ҳаёти ниёконамонро инъикос намуда, аз тарзи сукунат, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, санъату фарҳанг, ҳаёти моддиву маънавӣ, авҷу тараққӣ ва суқути низоми давлатдории аҷдодони мо дар давраҳои гуногуни таърих иттилоъ медиҳанд ва ин маълумот тавассути омӯзиши мероси таърихӣ муайян мешавад. Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри омӯзиш, тармиму таъмир, гиромидошт, шинохти муҳтавои онҳо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳимияти ин масъала доим таваҷҷуҳ намуда, таъкид мекунанд: «Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳанги миллат мебошанд. Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори нодири фарҳангиро ҷустуҷӯву пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем». Бо ин мақсад соли 2011 Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020 қабул шуд ва дар доираи ин барнома имкони танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати объектҳои мероси таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда бештару беҳтар гашт. Ин иқдом, дар навбати худ, барои афзоиши воридшавии сайёҳон мусоидат кард. Бояд гуфт, ки вазъи татбиқи барномаи мазкур имсол натиҷагирӣ мешавад. Вале мушоҳидаҳо нишон доданд, ки муқаррароти барнома дар ҳифзи ёдгориҳои таърихии баъзе шаҳру навоҳии мамлакат самаранок истифода нагардид.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Гузаштаро наомӯхтаву арҷгузорӣ накарда, ояндаи некро бунёд намудан ғайри имкон аст. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: “Таърих бузургтарин устод, одилтарин ҳакам, холистарин воқеанигор ва корозмудатарин роҳбалад буда, моро аз гузаштаҳои дур ба сӯи қарнҳои оянда ҳидоят менамояд. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ эҳтиёткор бошанд ва нагузоранд, ки осори бостонии маҳфузмонда аз байн бираванд. Зеро, ба қавли Расул Ҳамзатов, агар ба гузашта аз туфангча тир андозӣ, оянда ба ту аз тӯп тир хоҳанд андохт.

Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед