logo

порлумон

АЗ САДОҚАТ ТО ШИНОХТИ МАСЪУЛИЯТ

Чанде пеш вакилони Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолтарин аъзои худро аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ҳамаи онҳо шахсиятҳои кордон, корозмуда ва содиқ ба иқдомҳои устувори давлатсозӣ ва миллатсозии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳар кадоме худро бо корҳои шоистаи эҷодӣ ва созандагӣ дар ҷомеа нишон додаанд.

Чун баёни андешаи солим танҳо бар пояи далелҳо устувор буда метавонад, бозгуфтани корҳои яке аз номзадҳои арзандаи ин маъракаи сиёсӣ, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Табарӣ Абдулло Ҳабибулло лозим дониста мешавад.
Шоёни зикр аст, ки комёбиҳои ҳашт соли ахири ин донишгоҳ, ки дар он нақши калидии ибтикорҳову навовариҳои профессор Абдулло Ҳабибулло намоён аст,  саросар дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумат, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, ба даст омадаанд. Иддае аз корҳои ба анҷом расондаи донишгоҳро бо роҳбарии ин ҷавони пуркору бодониш ба таври фишурда бозгӯ мекунем ва гумон дорем ҳама он ибтикороту ташаббусҳо баёнгари сатҳи кордонӣ ва хирадмандии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон буда метавонанд.
Имрӯз донишгоҳ дорои 10 факулта, 28 кафедра (23 тахассусӣ ва 5 умумидонишгоҳӣ), хобгоҳ барои донишҷӯён ва омӯзгорон, 8 маркази омӯзишӣ (марказҳои бақайдгирии донишҷӯён, иттилоот ва компютерӣ, тестӣ, фосилавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди касбият, табъу нашр ва ҳунарҳои мардумӣ) мебошад. Муассисаи томактабӣ – кӯдакистон барои фарзандони устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба унвони “Ситора”, 7 бинои таълимӣ, ҳудуди 16 га замини кишоварзӣ ҳамчун қитъаи таҷрибавӣ, осоишгоҳи табобатӣ,  гармхона, майдончаҳои варзишии тобистона ва зимистона, 6200  ҷойи нишаст, парки технологӣ,  55 ихтисос дар зинаҳои таҳсили бакалаврият, магистратура ва докторантураи PhD мебошад.
Дар муқоиса бо соли таҳсили 2012 - 2013, ҳоло дар донишгоҳ 79 синфхона зиёд шуда, ки дар натиҷа 2255 ҷойи нишасти нав фароҳам  гардидааст.
Дар зарфи солҳои 2014 - 2015 биноҳои таълимӣ, толорҳои маҷлисгоҳҳои назди биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири пурра бароварда шуданд. Ҳамзамон, сохтмони нотамоми бинои дар кӯчаи Пушкини шаҳри Кӯлоб қарордошта анҷом пазируфт. Синфхонаҳои иловагӣ, синфи компютерӣ, сехи дӯзандагӣ дар технопарк, мағозаҳои фурӯши китоб, хӯрока дар назди хобгоҳи донишҷӯён, қаҳвахона ва як қатор иншооти маишӣ, аз қабили маркази хизматрасонӣ, ошхона, интиқоли оби нӯшиданӣ ба дохили биноҳои хобгоҳ, бунёд гардиданд.
Корҳо дар самти амалигардонии  лоиҳаи  “Донишгоҳи электронӣ”  давра ба давра густариш пайдо карда, дар ин муддат 4 маркази тестӣ барои қабули имтиҳонҳо ва таълим дар факултаҳои иқтисод ва идора, физика ва математика, молиявию иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Барои назорати интизоми меҳнати кормандону омӯзгорон дар назди даромадгоҳи бинои маъмурӣ, факултаҳо, ҷиҳати бақайдгирии донишҷӯён дар марказҳои имтиҳонотӣ таҷҳизоти бақайдгирӣ бо усули  «изи ангушт» роҳандозӣ шуда, дар факултаҳо занги электронӣ, инчунин, дар синфхонаҳои факултаи филологияи хориҷӣ барои намоён будани раванди таълим камераҳои назоратӣ насб гардиданд. Шабакаи дохилӣ ва хати телефони дохилидонишгоҳӣ ташкил карда шуд. Донишгоҳ ба шабакаи интернети баландсуръат тавассути хати нурӣ пайваст гардид.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи  «Рушди таҳсилоти олии касбӣ» ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳа пешниҳод шудааст, ки ҳоло дар ҷараёни татбиқ мебошанд. Мувофиқи лоиҳаи аввалин таъсиси лабораторияи биологӣ ва дар доираи лоиҳаи дуюм харидории таҷҳизот барои маркази рушди касбият ва инноватсия, бо мақсади баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъминшавии духтарони донишҷӯи курсҳои болоӣ дар назар аст.
Донишгоҳ дар ин давра барои дастгирии ихтироъкорон ва навоварони  ҷавон аз соли 2014 инҷониб барои тартиб додани лоиҳаҳои хурд озмунҳо доир менамояд.
Фонди умумии китобхона давра ба давра то ба  480805 номгӯйи китобҳо расонда шуд.  Фонди умумии китобхонаи электронӣ бошад, аз 290160 номгӯй иборат мебошад.
Бо ташкили парки технологӣ дар донишгоҳ лабораторияи ташхиси обҳои минтақаи Кӯлоб таъсис дода шуда, барои озмоишгоҳ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири таҳлили об харидорӣ шуд. Маркази ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфт, ки бо намунаи ҳунарҳои чакандӯзӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, созтарошӣ, табақтарошӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардид.
Робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур густариш ёфта, аз он як қатор дастовардҳои молиявӣ ва зеҳнӣ ба даст омадааст. Чуноне ки лоиҳаи зери унвони «EXTEND «Афзалият дар таълимоти соҳаи инженерӣ дар МТОК-и Тоҷикистону Россия», ба донишгоҳ дар таъсиси маркази тақвияти педагогӣ зери унвони «EXTEND», ба маблағи умумии 238833,90 сомонӣ таҷҳизот ворид шуд. 
Танҳо дар давоми соли гузашта 25 нафар омӯзгори донишгоҳ дар семинару омӯзишҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок намуд.
Ин дастовардҳо ва як силсила комёбиҳои дигарро ба назар гирифта, Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти швейтсариягӣ (Донишгоҳи  Оксфорди Британияи  Кабир) бо  қарори худ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакиро шоистаи иҷозатнома (литсензия) ва Сертификати (Ҷоизаи) байналмилалии сифати Аврупо  гардонд.
Солҳои 2018 - 2019 дар саҳни донишгоҳ муҷассамаи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйи бурҷҳои баланд қомат афрохта, ҳар лаҳза бинандагони ин тандисҳои бошукӯҳро ба худшиносии миллӣ водор мекунанд.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб  боғи фарҳангӣ – фароғатии ҳозиразамон бунёд намояд. Ин ташаббус аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон дастгирӣ ёфта, дар зарфи се моҳи тобистон, бо қувваи худӣ ва сохтмончиён  боғ бо тамоми иншооту василаҳои шоистаи муосир сохта шуд.
Ёдкарди силсилакорҳои  анҷомдодаи профессор Абдулло Ҳабибулло дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ худ гувоҳи садоқат ва масъулияти ин шахсияти барҷаста мебошад. 

Зафар МИРЗОЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 7113
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед