logo

порлумон

ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД...

Мардуми шарафманди тоҷик аз он хушбахту шукргузоранд, ки дар давлати озоду обод ва соҳибистиқлолу рӯ ба тараққӣ кору зиндагӣ доранд. Шодмон аз онанд, ки барои ояндаи дурахшони ин сарзамин тавассути интихоби вакилони мардумӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи таърихию тақдирсоз ва ҷӯшу хурӯши маъракаи муҳими сиёсӣ – омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор доранд. Ин давраи пурмасъулият аз ҳар як шаҳрванд дақиқназарӣ, фаъолнокии баланд, зиракии сиёсӣ, маърифатнокӣ, дили софу виҷдони пок ва пос доштани нону намаки Ватанро тақозо дорад. Аз ин рӯ, ба ин ниҳоди намояндагӣ ва қонунгузорӣ бояд шахсони арзандаву донишманд ва дорои маҳорату ихтисоси баланд шомил гарданд.

Дар ин радиф мехостам шахсияти як олими донишманд ва фурӯтанро ба шумо муаррифӣ намоям. Хушбахтона, ман дар бораи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шаҳринав № 6 Файзулло Баротзода сухан ронданиам. Вақте ки дар бораи ин номзад андешаронӣ мекардем, ҳамин байти устод Абулқосим Фирдавсӣ ба ёд меомад:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Воқеан, Файзулло Баротзода на танҳо донишманди варзидаву шинохта, балки нотиқи варзида, беҳтарин мутахассис дар соҳаи илми суханшиносӣ ва диншиносӣ аст. Ӯ борҳо аз санҷишҳо гузашта, дар баландтарин вазифаҳо содиқонаву софдилона ифои вазифа намудааст. Вай аз зумраи шахсоне мебошад, ки ҳаёту ҳастии худро ба омӯзиши илму дониш, таҳқиқи фарҳанги миллӣ ва осори динию мазҳабии ниёгони пурифтихорамон бахшидааст ва ҳамин  пешаро то имрӯз содиқона давом дода истодааст. Ӯ худро дар дарки дуруст ва муаррифии арзандаи мероси мондагори ниёгон комёбгашта меҳисобад ва дар ин ҷода ноил шудан ба дастовардҳоро аз баракати ҳамин касб ва узвият дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон медонад. Воқеан, гарави пешравиҳояш аз эҳтирому дӯстдории Ватан, шукргузорӣ аз озодию истиқлолият ва хизмати холисона барои шукуфоии давлату миллат маншаъ мегирад.
Фаъолияти меҳнатии Файзулло Баротзода солҳои 1989 – 2015 асосан дар шуъбаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва корҳои роҳбарии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҷараён доштааст. Дар даврони истиқлолият мавсуф вобаста ба зарурати таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъалаҳои қуръоншиносӣ, ҳадисшиносӣ ва исломшиносӣ машғул мешавад, ки натиҷаи он бо нашри сарчашмаҳои асосии динию мазҳабӣ ва як идда осори гаронбаҳои асримиёнагии ниёгон муаррифӣ шудааст. Дар тӯли панҷ соли охир Файзулло Баротзода дар вазифаи хеле пурмасъул – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар омӯзиши масъалаҳои диншиносию исломшиносӣ ва муаррифии дурусти осори динию мазҳабӣ корҳои шоёни таҳсинро анҷом додааст. Ин гуфтаҳо донишманди закитабъ ва коршиноси соҳибистеъдод будани ӯро тасдиқ менамояд ва дар ҳайати парлумони кишвар яке аз номзадҳои арзанда шуданашро собит месозад. 
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки интихоби Файзулло Баротзода ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки донишу таҷрибаи ӯ дар мақомоти олии қонунгузорӣ ҷиҳати бунёди асосҳои илмӣ, таҳия ва таъмини пояҳои ҳуқуқии рушди устувори ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум васеъ истифода гардад.

Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 7095
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед