logo

ҳуқуқ

"ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН" - МАНШАИ ТЕРРОРИЗМ

Cозмонҳои диниву мазҳабӣ  аз таассуб фақат мавқеъ ва дидгоҳи худро айни ҳақиқат дониста, ҷойгоҳу ақидаи дигаронро куллан намепазиранд. Онҳо танҳо як роҳу як ақидаро дуруст ва асли воқеият меҳисобанд, ба ҳар гуна ақида, бовар, арзёбӣ ва дидгоҳ бо назари шакку тардид менигаранд. Ба таъбири дигар, ин гуна созмонҳо ҳар гуна биниш, ақидаю назарияро инкор намуда, ҷаҳон ва ҷойгоҳи инсон дар онро танҳо аз як дидгоҳ мавриди арзёбӣ қарор медиҳанд.
Дар аксар ҳолат бо таҳаммулнопазирӣ ва бо таассуби бисёр шадид дидгоҳҳои дигарро инкор намуда, онҳоро бо барчаспҳои гуногун тавҳин мекунанд ва ҳатто дар баъзе маврид кӯшиш мекунанд, ки мухолифини ақидавии хешро ҷисман аз байн баранд.
Мусаллам аст, ки тибқи назариёти илмӣ ҳама чиз дар ҳоли таҳаввулу дигаршавӣ аст ва худи инсон, ки як мавҷуди ҳушманди маърифатпазир аст, вобаста аз рушди ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии худ метавонад дар бораи худу ҷаҳон ва воқеаву ҳодисаҳои дар табиату ҷомеа бавуқӯъпайваста назари хешро тағйир дода, бо роҳҳову дидгоҳҳои бартару беҳтар ва илмиву таҷрибавӣ мушкилотро мавриди арзёбӣ  қарор диҳад. Аммо созмонҳои ифротӣ мехоҳанд, ки ҷомеаи имрӯзии башар,  масоили ҷаҳоншиносию ҷаҳонфаҳмӣ,  умури иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо ҳамон дидгоҳҳои ҳазорон сол қабл, яъне ҳамон дидгоҳҳои догматикие, ки ҳеҷ гоҳ тағйир намехӯранд ва худро асли воқеъият меҳисобанд, қазоват кунанд.
Ҳаракати экстремистии «Ихвон-ул-муслимин», ки дар оғози асри XX ба вуҷуд омад, аcлан дар кишварҳои қафомондаи исломӣ тарафдор пайдо кард ва, махсусан бо истифода намудан аз демогогияи озодӣ, демократия, баробарӣ ва амсоли инҳо мардумони соддабоварро ба худ ҷалб намуда, сафи аъзои худро  аз ин ҳисоб зиёд намуд. Демагогияи ихвонӣ чунон ба роҳ монда шудааст, ки дар назари аввал нафари мавриди ҳадаф аз суханрониву чарбзабонӣ ва хайру эҳсонкории ихвониҳо мафтуни онҳо гашта, метавонад худро таҳти таъсири ин ҳарфҳои авомфиребона аз даст диҳад ва шомили гурӯҳи онҳо шавад. Ҳамин аст, ки ин ҷараёни фикриву мазҳабӣ хурофагароёну содабоваронро ба осонӣ метавонад ба сӯи хеш савқ диҳад. Тавре дар боло зикр шуд, дар густариши ин шабака, ки дар кишварҳои мусалмонӣ ба тадриҷ тарафдор пайдо мекунад, аслан табақаҳои  бесаводон ва бекорони  ҷомеа нақши барҷаста доранд.
Вақте амалкардҳои тундравонаи ихвониҳоро мавриди мушоҳида қарор диҳем, аз онҳо ба таври рӯшан  пай хоҳем бурд, ки аксари ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯи исломӣ  аз усулҳои муборизаи ихвониҳо истифода, илҳом ва ангеза мегирифтаанд. 
Қобили зикр аст, ки ихвониён низ на танҳо осоиштаи тарғиби дин, балки аз роҳи ҷиҳодро низ ба сароҳат таблиғ мекунанд ва ба ин васила  аз байн бурдани душманони худ ва ононе,  ки ақоиди ин гурӯҳро қабул надошта бошанд, муҷоз медонанд. Дар ин росто табиист, ки  қатл ва ҷисман аз байн бурдани рақибони худро ҳаргиз амале нораво намешуморанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тӯли фаъолияти худ даҳҳо амалиёти зӯроварона ва террористӣ анҷом додаанд. Тактикаи сиёсии ихвониён гоҳ бо роҳи осоишта ва гоҳ бо роҳи ҳарбӣ ба роҳ монда мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки «Ихвон-ул-муслимин» аз аввалин созмонҳои панисломӣ буда, хусусияти фундаменталистию ифротӣ дорад ва аксари дигар ташакуллаҳои фундаменталистии исломӣ дар заминаи он ба вуҷуд омада, бештар ҳадафҳои онро дунболагирӣ мекунанд. Фарзияи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бар асоси он кулли равияҳои исломи сиёсие, ки аз роҳкорҳои бевоситаи ҷиҳодӣ истифода мекунанд, шабакаҳои ихвонӣ дониста мешаванд. Фақат бо ин тафовут, ки амдан аз номи ихвониён  истифода намекунанд. Канораҷӯии ихвониён аз ошкор кардани номи худ дар мавриди корбурди амалиёти террористиву экстремистӣ ба он хотир аст, ки онҳо мехоҳанд, дар зеҳнияти ҷомеа ҳамчун мубаллиғ ва ҳомии адолат, баробарӣ, озодӣ, ҳамгироӣ ва рифоҳи байни мусалмононро ҷилва кунанд.  Ҳарчанд худи ин тафсир чизе бештар аз бозӣ бо калимот  ва демогогия  нест, аммо ба ҳар ҳол ихвониён ба хотири ҷалби гурӯҳҳои зиёди бовармандони мусалмон кӯшиш менамоянд, ки худро ба ҳайси як ташаккулаи оромишписанд ва адолатгустар ба намоиш гузоранд.  «Ихвон-ул-муслимин» ба ҷуз аз ақидаи хеш ақидаи дигарро қабул надорад ва роҳҳали тамоми мушкилоти ҷомеаи башарӣ  танҳо як чизро  меҳисобад, ки он ҳам Ҳукумати исломӣ аст. Аз ин рӯ, шиори асосии амалкардашон ин аст: «Танҳо ислом роҳи ҳал аст». Пайравони ин ақида мехоҳанд инсони асри XXI – ро ҳанӯз ҳам бо ҳамон шеваҳои ҳазорон сол пеш мавриди идоракунии иҷтимоиву сиёсӣ қарор диҳанд.

Акбар САЛИМОВ,
ходими калони илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои
Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2020    №: 41    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед