logo

иқтисод

БАҲОДИҲИИ ЗАМИН. ҶАРАЁНИ ИҶРОИ ИН ТАДБИРИ МУҲИМ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ, ЧАРО?

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию паёмҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки замин, махсусан замини кишоварзӣ, оқилона истифода ва ҳифз карда шавад. Аз ин ҳисоб ҳосили заминҳо фаровон гашта, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва содироти он боз ҳам беҳтар мегардад. Инро ба инобат гирифта, заминшиносони мамлакат вусъати корҳои баҳодиҳии заминро зарур мешуморанд, ки дар асоси он баҳои иқтисодии замин дода мешавад. Мутаассифона, баҳодиҳии замин, аз ҷумла ташхиси хок, ҳамагӣ 17 (27,7 дарсад) шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Сабаб чист?

МУШКИЛИ МОЛИЯВӢ ВА НОМУКАММАЛИИ ИНФРАСОХТОР
Баҳо додани замин дар ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» (аз 12 майи соли 2001) гузаронда мешавад. Он аз се марҳила, яъне баҳои сифати хок, тавсифоти замин ва баҳои иқтисодии замин иборат мебошад. Мутаассифона, дар давоми ду даҳсола корҳои анҷомёфта дар ин самт назаррас нестанд.
Тавре Аланазар Абиров, сардори озмоишгоҳи агрохимиявии муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ, изҳор дошт, дар ҳудуди мамлакат рафти корҳои ташхиси хок суст аст.
Ташхис, ки ҳолати имрӯзаи хоки заминҳои кишоварзиро муайян менамояд ва дар асоси он баҳои иқтисодии захираҳои замин дода мешавад, бояд мунтазам гузаронда шавад.
Дар ҷумҳурӣ ягона сохторе, ки ба гузарондани  баҳодиҳии замин, аз ҷумла заминҳои кишоварзӣ, машғул аст, Институти лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» - и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мебошад. Баҳодиҳии замин аз ҷониби сохтори мазкур солҳо инҷониб анҷом дода мешавад, вале бо суръати хеле паст. Солҳои 1996-2018, яъне дар зарфи 22 соли охир корҳои хокшиносӣ ҳамагӣ дар 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ иҷро гардид, ҳол он ки баҳодиҳӣ бояд дар давоми панҷ сол ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро фаро мегирифт.
Ба гуфтаи сардори экспедитсияи хокшиносӣ ва баҳои замин Саидмахсум Фозилов, сабаби кам гузаронда шудани баҳои замин ба мушкили молиявӣ ва номукаммалии инфрасохтор рабт дорад. Таҷҳизоти барои омӯзиш ва ташхиси хок истифодашаванда ва озмоишгоҳ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест, зеро дар ҷаҳон, аллакай, қабати ҳосилхези заминро тавассути моҳвора месанҷанд.

БЕХАТАРИИ ОЗУҚА, ҲОЛАТ ВА СИФАТИ ЗАМИНҲО 
Баҳогузории замин, пеш аз ҳама, ҳолат ва сифати заминҳоро муайян менамояд ва ба андешидани чораҳо оид ба ҳифз, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо мусоидат мекунад. Барои мисол, агар зимни баҳогузорӣ маълум гардад, ки дар таркиби хоки замин элементҳои калий ва фосфор зиёд аст, зарурати ғизодиҳии зироат ва аз меъёр зиёд истифода кардани нуриҳои минералӣ пеш намеояд.
Мувофиқи маълумоти Маркази миллии ташхиси озуқавории Кумитаи амнияти озуқаворӣ, соли сипаришуда дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ (хусусан ғизоӣ) мавҷудияти аз меъёр зиёди нитрат ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар таркиби картошкаи кишти барвақтӣ на 60, балки 75 миллиграмм, дар таркиби пиёз, қулфинай ва тарбуз низ ба ҳамин монанд нитратнокии баланд маълум гардид.
Аз тарафи дигар, баҳогузории замин барои пешгӯӣ кардани суръати шӯршавии дубораи хок аҳамияти калон дорад, зеро дарёфти маълумот оид ба шӯрии хок ва таркиби химиявии он барои банақшагирии ҳаҷм, муҳлат ва сари вақт обшӯй кардани заминҳои шӯр дар ҷумҳурӣ бисёр зарур аст.
Хуршед Элмуродов, аспиранти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, бо мақсади ҳимояи рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Баҳодиҳии иқтисодии заминҳои кишоварзӣ дар низоми идоракунии давлатии захираҳои замин дар шароити иқтисоди бозорӣ» дар давоми солҳои 2010-2019 тадқиқот гузаронда, муайян намуд, ки майдони умумии заминҳои таназзулёфта дар вилояти Хатлон соли 2017 -ум 15,5 ҳазор гектар буда, масоҳати онҳо нисбат ба соли 2016 - ум 33 дарсад кам гардидааст. Соли 2017 дар муқоиса бо соли 2016 майдони заминҳои шӯршуда 25,1, ботлоқгардида 83,4 ва биёбоншуда 25,7 дарсад коҳиш ёфтааст.
- Бо вуҷуди коҳиш ёфтани таъсири манфӣ ба заминҳои кишоварзӣ масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад, зеро дар давоми чанд соли охир, ки баҳои замин ва ташхиси хок гузаронда намешавад, хавфи осеб дидани заминҳо зиёд гардидааст. Аз сабаби дар ҷумҳурӣ пурра гузаронда нашудани баҳодиҳии замин хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯз бо мушкилиҳо рӯбарӯянд, - гуфт Х. Элмуродов.

АНДОЗБАНДИИ НОДУРУСТ ВА ЧАНД МУШКИЛИ ДИГАР
Ба андешаи мутахассисон, яке аз мушкилиҳои ҷойдошта гирифтани андози баробар аз ҳамаи заминистифодабарандагон, новобаста аз гуногунии ҳосилнокии хок ва аз рӯйи меъёри якхела мебошад. Хоҷагие, ки заминаш ҳосили баланд медиҳад ва хоҷагие, ки ҳосилнокии киштзори он паст аст, андози якхела месупоранд ва ин, бешубҳа, ҳисоби нодуруст мебошад. Барои ин бояд арзёбии арзиши замин анҷом дода шавад.
Тавре Хуршед Элмуродов, иброз дошт, дар кишвари мо, сарфи назар аз таҷрибаи бисёрсолаи фаъолият дар соҳаи баҳодиҳии замин, ҳоло амалан арзёбии арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии заминҳо анҷом дода нашудааст, ки ин ба набудани гардиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин ва камбудиҳо дар таъмини методӣ ва иттилоотии амалиёти бо онҳо вобаста алоқаманд мебошад. Барои мисол, дар ҳудуди минтақаи Вахши вилояти Хатлон ҳисоби меъёрҳои амалкунандаи андози замин номукаммал буда, ҳолати воқеии заминҳои кишоварзиро фаро нагирифтааст. Аз ин рӯ, барои муайян кардани андози замини кишоварзӣ, хуб мешуд, ки ба замимаи “Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди минтақаи Вахши вилояти Хатлон» аз 3 январи соли 2014, тибқи баҳогузории иқтисодии заминҳои кишоварзии вилоят, тағйирот ворид карда шаванд.
Баробари ба танзим даровардани низоми андозбандӣ таҳия ва такмил додани низоми комплексии идоракунии заминҳо низ масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, муайян кардани арзиши гаравии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ бояд дар асоси арзиши бозорӣ анҷом дода шавад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 1112
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед