logo

порлумон

РАЪЙ БОЯД, КИ ОЯНДАСОЗ БОШАД!

Интихобот аз ибтидои мавҷудияти хеш вазифаи ташаккули ҳокимияти ҳалқ ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаро иҷро намудаасту менамояд. Дар давлатҳои демократӣ интихобот василаи таъмину такмил ва таҷдиди сохторҳои сиёсию ҷамъиятӣ аст. Одамон маҳз ба воситаи интихобот метавонанд ҳуқуқу озодиҳои хешро дар амал татбиқ намоянд.
Тартиби ташкил ва баргузор намудани интихоботро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии мушаххас ба танзим медароранд. Дар ин раванд нақши қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, хеле муассир аст.
Тибқи муқаррароти пешбининамудаи қисми сеюми моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст ҳуқуқи дар раъйпурсӣ (интихобот) иштирок кардан, интихоб намудан ва аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Интихобот инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто дар баъзе давлатҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Шаҳрванд дар ин раванд бевосита иштирок намуда, номзади фаъол ва арзандаи худро интихоб менамояд ё мавриди интихоби дигарон қарор мегирад.
Раванди интихобот аз марҳилаҳои гуногун иборат аст. Як марҳилаи интихобот раванди омодагӣ аст. Дар раванди омодагӣ ба интихобот нақши комиссияҳои интихоботӣ хеле бузург аст. Маҳз комиссияҳои интихоботӣ ҳамчун мақомоти пешбари интихобот дар эълон, бақайдгирӣ ва ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ иштирок намуда, ҳамчунин, рафти интихоботро назорат менамоянд. Муҳим аст, ки омодагӣ ва гузарондани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ба таври шаффоф ва ошкоро сурат гирад. Чунин ҷиҳати баргузории интихобот принсипи шаффофиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Дар раванди интихобот иштирок ва раъйдиҳӣ ба номзадҳо марҳилаи ҳассос ва муҳим мебошад. Дахолат накардан ба ҳуқуқи овоздиҳии шахс яке аз принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи овоздиҳӣ принсипи баробарӣ хеле аҳамиятнок аст, яъне ҳамаи шаҳрвандон (аз роҳбарон сар карда, то шаҳрвандони қаторӣ), тибқи принсипи  “Як шахс - як овоз” дар интихобот  ширкат меварзанд. Ба ҳамин хотир, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзад. Фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон боиси ба таври демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани интихобот дар ҷомеа мегардад.
Марҳалаи дигари муҳим натиҷагирӣ ё худ эълони ниҳоии раъйҳои додашуда ба номзадҳост. Дар ин марҳала нақши нозирон, шахсони боэътимоди номзадҳо ва воситаҳои ахбори омма муҳим мебошад, зеро онҳо бевосита раванди ташкил, баргузор ва натиҷагирӣ аз интихоботро назорат менамоянд. Нозироне, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сафарбар карда мешаванд низ, вазифаи назорат карданро иҷро менамоянд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳими интихоботӣ қарор дорад. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудан ва даъвати интихобкунандагон ба интихоботи дарпешистода дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиору овезаҳо овехта шудаанд. Ҳамчунин, дар сатҳи маҳал низ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузарондани интихобот мутасаддиёне фаъолият мекунанд, ки дар гузарондани чунин чорабиниҳо, аллакай, таҷрибаи ғанӣ доранд.
Ҳамин тавр, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёӣ фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ раъй диҳанд ва дар рушди устувори  минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузоранд.

Хусрав АЛИЗОДА, корманди раёсати таҳлил ва  ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 7357
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед