logo

фарҳанг

"АДИБ" ДИЛБОХТАГОНИ КИТОБРО БА ҲАМ ОВАРД

Нашриёти давлатии «Адиб» ҳафтаи шашум аст, ки намоиш - фурӯши китобро дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Махсусан, ин чорабинии оммавӣ дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бисёр гарм сурат гирифта, дилбохтагони китобро ҷамъ меоварад.

Ростӣ, дар чанд соли охир чунин талош, фармоиш, хоҳиши зиёди мардумро барои китоб бори аввал мебинем. Аҷибии ин чорабинӣ боз дар он аст, ки муштариён ба китобҳои харидаашон аз адибон соядаст мегиранд, бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат мешаванд.
Бе ҳеҷ шакку шубҳа, оташи шавқи китоб дар ниҳоди мардум аз озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» барафрӯхта шуд. Вақте соли гузашта тавассути телевизион садҳо беҳтарин хонандагони китоб байни ҳам қувва озмуда, ҳавасманд мешуданд, дар дили ҳазорон пиру барнои дигар завқи китобхонӣ, ба суроғи китобхона рафтан боло мегирифт.
Тавре муовини директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода иброз медорад, иқдоми мазкур барои татбиқи амалии сиёсати Пешвои миллат равона гардидааст. Президенти маърифатпарвари  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш гуфта буданд, ки китоб аз муқаддасоти ҷовидонии миллат аст ва ҳеҷ василаю неруи дигаре дар ҳама гуна ҳолат ҷои онро гирифта наметавонад, аз ҷумла технологияи компютерӣ. Мояи ифтихор аст, ки талошҳои мо дар ин ҷода натиҷаи хуб ба бор оварданд.  Ҳар ҳафтаи баргузории намоиш – фурӯши китоб дар панҷ соат мардум зиёда аз 10 ҳазор китоб харидорӣ менамоянд.
Дар намоиши охирин зиёда аз 200 номгӯй асарҳои бадеӣ бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха ба намоиш – фурӯш гузошта шуданд. Ба ҷуз ин, дар дукони фурӯши китобҳои «Адиб» воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе намояндагони даҳҳо муассисаҳои давлатӣ омада, китоб фармоиш медиҳанд. Баъди супориши қатъии Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ доир ба бунёди китобхонаҳо дар назди муассисаҳои давлатӣ ин раванд ҷоннок гардида, китобхонӣ ҳамагонӣ мешавад.
«Адиб» тасмим гирифтааст, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ ва таъмини алоқамандон бо китобҳои ҷолибу шавқовар аз ҳисоби маблағҳои бадастомада чопи такрории асарҳои бадеиро зиёд карда, ҳамкориро бо доираҳои адабӣ ва  муассисаҳои соҳавӣ ба роҳ монад. Зеро талаботи ҷомеа ба ҳама навъҳои осори бадеӣ аз адабиёти классикӣ сар карда, то адабиёти ҷаҳон ва кӯдакон рӯзафзун аст.
Баъди дидани навору аксҳои фурӯши китобҳо дар пойтахт мардуми минтақаҳои дигар шавқманд гардида, пешниҳод мекунанд, ки дар шаҳру навоҳии кишвар низ чунин тадбирҳои судманд роҳандозӣ шаванд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки яке иштирокдорони фаъоли гӯшаи адибон мебошад, иброз дошт, ки «имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо як ангезиши нав - рӯ овардан ба китоб  ва эҳёи дубораи китобхониву китобдорӣ мушоҳида мегардад».
Ба андешаи ӯ, он шуълае, ки мардуми тоҷик дар худ нисбат ба китоб доштаанд, бо сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз нав фурӯзон гардид.
Дар ин намоиш - фурӯши китоб, ки ҳар шанбе аз соати 8 то 13 идома меёбад, харидорон метавонанд китобҳоро аз осори адабиёти классик ва муосири тоҷику форс, адабиёти хориҷа ва бачагона  дастрас намоянд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед