logo

маориф

ТАЪЛИМ. АГАР СИФАТ ХУБ АСТ...

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таълимии соҳавӣ буда, мутахассисонро аз рӯи равияҳои гуногуни иқтисод омода мекунад. Дар донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора Шукрулло Хайрзода, ректори донишгоҳ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ишғоли мақоми 4 - уми донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баргузории олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳ ва ишғоли ҷойи сеюм дар байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, баргузории ду озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳия ва аз мушовараи Вазорати маориф ва илм гузарондани 20 китоби дарсӣ, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ, ки аз рӯйи самтҳои дахдори илмҳои иқтисодӣ рисолаҳоро барои дифоъ қабул мекунад, ба андозаи назаррас зиёд шудани дифои рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби устодон ва муҳаққиқони донишгоҳ (25 нафар) аз ҷумлаи дастовардҳои яксолаи донишгоҳ унвон мешавад.
Феълан дар донишгоҳ 6 лоиҳаи грантӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 6 миллиону 190 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ 14 доктори илм, 142 номзад, 179 муаллими калон ва ассистент, дар маҷмӯъ, 335 нафар устодон ҷалб шудаанд.
Боиси хушнудист, ки дар асоси қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели  соли 2019 бори аввал дар таърихи донишгоҳ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои иқтисодиёт, молия, бизнес – мудирияти соҳибкорӣ таъсис ёфт. Инчунин, 6 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гардида, 25 нафар рисолаҳои номзадии худро дар шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод аз давраи ташкилшавӣ ба самти рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 115 донишгоҳ ва ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Айни ҳол дар донишгоҳ 731 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил доранд.
Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар оянда низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таъмини шароити арзанда барои донишҷӯён ва дар ин асос омода кардани кадрҳои баландпоя аз тамоми имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебарад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 2968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед