logo

иқтисод

ТАЪМИНОТ БО БАРҚ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Посух ба матлаби рӯзноманигор Мирзо Қулов «Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад…», ки 17 январи соли равон дар Нашрияи расмии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 14 (23 869) чоп шудааст.
Матлаби рӯзноманигор Мирзо Қулов «Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад…», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор гардидааст, дар ҶСК «Шабакаҳои барқи Панҷакент» мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт.
Иттилоъ медиҳем, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳоло тавассути хати интиқоли барқи 10кВ – и «Дашти Қозӣ» аз зеристгоҳи барқии «Зарафшон» бо неруи барқ таъмин мегарданд ва масофаи умумии ин хати барқӣ якҷо бо шохаҳо 46, 78 километрро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз соли 2008 – ум талаботи рӯзафзуни аҳолии ин минтақаро ба инобат гирифта, трансформатори зеристгоҳи барқии 110/10 кВ – и «Зарафшон» аз 6300 кВ-а ба 16000 кВ-а иваз карда шуд ва ин тадбир то ҷое мушкилотро ҳал кард.
Солиёни пеш, яъне то давраи мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқӣ 220 кВ-и «Айнӣ – Панҷакент» сокинони деҳоти Урметан тавассути хати барқи 110 кВ-и «Айнӣ – Панҷакент» бо неруи барқ таъмин мешуданд ва бинобар сербориҳо якзанҷира будани ин хати барқӣ, алалхусус, дар давраи тирамоҳу зимистон, боиси нороҳатии муштариён мегардид.
Хушбахтона, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи 220 кВ-и «Айнӣ – Панҷакент» ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ-и «Рӯдакӣ» сатҳу сифати таъминоти барқ ба муштариёни шаҳру деҳоти Панҷакент ва қисме аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Айнӣ хеле хуб шуд. Зеро агар шиддат дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Зарафшон» то давраи истифодаи хати интиқоли барқи 220 кВ-и «Айнӣ – Панҷакент» 10,2 кВ-ро ташкил медод, имрӯзҳо шиддат ба 11,2 – 11,3 кВ расидааст.
Илова бар ин, зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Зарафшон» тавассути хати барқии 110 кВ-и «Айнӣ – Панҷакент» бо неруи барқ таъмин мебошад ва ба ин хати барқӣ ҳамагӣ ду зеристгоҳи 110/10 кВ-а пайвастанд, яъне неруи барқ аз ин хат ба ягон ҷои дигар интиқол намеёбад. Амали мазкур аз беҳтар шудани сатҳи сифати барқрасонӣ ба муштариён дарак медиҳад.
Нуктаи дигаре, ки дар мақола зикр гардидааст, ин ҷудо гардидани як трансформатори 6300 кВ-а мебошад, ки барои истифода дар зеристгоҳи бунёдёбандаи «Урметан» пешбинӣ шудааст. Дар воқеъ, ин амал ва тадбирҳои дигари техникӣ то мавриди истифода қарор гирифтани хати барқии 220 кВ-и «Айнӣ – Панҷкент»дар мадди назари роҳбарияти ҶСХК «Барқи тоҷик» қарор доштанд.
Хушбахтона, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти барқии муштариёни водии Зарафшон (шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ) тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуданд, аз ҷумла  хати барқи 220 кВ-и «Айнӣ – Панҷкент» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва амалишавии ин тадбир ба ҳамаи камбудиҳои техникии ҷойдошта нуқта гузошт.
Дар мавриди истифодаи пойгоҳи обкашии Урметан ҳаминро бояд зикр кард, ки айби фаъолияти сусти он дар камбуди қувваи барқ нест. Соли гузашта гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони варзида бо вазъи ин мавзеъ шинос шуда, санҷиши мукаммал гузаронд. Санҷиши муштарак муайян намуд, ки мушкили пойгоҳ аз сифати барқ вобастагӣ надошта, ҳолати бади таҷҳизоти истифодашаванда боиси фаъолият накардани ин пойгоҳи обкашӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ истифодаи хати интиқоли барқи 220 кВ-и «Айнӣ – Панҷакент» ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ-и «Рӯдакӣ» боиси он гардидааст, ки сатҳу сифати бо неруи барқ таъмин намудани аҳолии деҳоти Урметан ва Дар – Дари ноҳияи Айнӣ ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯй бошад.

Н. ҲИКМАТУЛЛОЕВ,  директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Панҷакент»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед