logo

ҳуқуқ

"НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ". АЗ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН ТО ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ

(Тақриз ба китоби дарсии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал­-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод “Назорати прокурорӣ”, Душанбе, “Ирфон”, 2019. - 390 с.)

Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри дар амал татбиқ шудани Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсии “Назорати прокурорӣ”, ки бо ҳиммат ва кӯшишҳои босамару бисёрсолаи   Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар сатҳи басо баланду шоиста таҳия ва мунташир шуда, ҷиҳати баҳрамандӣ ба донишҷӯён, талабгорони унвонҳои илмӣ (аспирантҳо) ва омӯзгорони донишкадаҳо ва факултаҳои ҳуқуқшиносӣ бо теъдоди зарурӣ манзур  шудааст, барои такмили минбаъдаи сифати таълими  ҳуқуқшиносони оянда  такони назаррасе мебахшад.

“Назорати прокурорӣ” дар радифи дастуру раҳнамоҳои сершумору мухталифи даврони соҳибистиқлолӣ, ба як идда фазилатҳои нодиру воло доро аст. Ва нахустин сифати фарқкунандаи ин китоби дарсӣ дар он зоҳир мешавад, ки аз оғоз то фарҷоми раҳнамои мазкур як навъ қавият ва эътимодбахшии асос ва заминаи илмӣ ва амалию таҷрибавии муҳимтарин нуктаҳои умуман фаъолияти прокурорӣ ва хусусан назорати прокурорӣ, баръало эҳсос карда мешавад. Муҷиби калидии чунин фазилати дастури мазкур, ба назари мо, дар он хоҳад буд, ки “Назорати прокурорӣ” аз ҷониби шахсияте ба қалам оварда шуд, ки рӯзгори баркамоли хештанро масрафи касби наҷибона ва заҳматталаби прокурорӣ  намуда, пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон наздик се даҳсола аз муфаттиши одӣ то Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зинаҳои касбиро бо камоли таҳаммул аз сар гузаронда, таҷрибаи ғание ҳосил карда тавонистааст. Маҳз ҳамин сабақҳои гаронмояи ҳаёт ва ба таъбири Одамушшуаро Рӯдакӣ, “гузашти рӯзгор” ин омӯзгори беназир ҳини матраҳ сохтан ва таҳлилҳои амиқи муаллифи китоби дарсӣ ба сони риштаи сурхе дар ҳама бобу фаслҳо ба назар расида, хонандаро бо ҷозибаи гуворо таҳти таъсири худ нигоҳ медорад.
Метавон гуфт, ки фазилати дигари “Назорати прокурорӣ”  аз созгории ибратпазири он ба рӯҳияи замон ба миён омадааст. Ҷиҳати исботи фикр аз ҳамаи 21 боби китоб далелҳои асоснок оварданамон мумкин аст, аммо бо зикри унвони фасле аз боби 2 “Таъсис ва инкишофи прокуратура. Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура”  иктифо  меварзем: “2. Прокуратура дар давраи Истиқлолияти давлатӣ. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва таҳкими мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол”.  Ҳақиқати раднопазири таърихи наздик сисолаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар он аст, ки сармеъмор ва илҳомбахши эҳёи давлати ҷангзада ва харобгаштаи мо, эъморгари бинои ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла, мақомоти комилан замонавии прокуратура,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буданд ва, албатта,  месазад, ки дар раванди омӯзиши ин фанни муҳим ба шинохти мақоми барҷастаи таърихӣ ва пайкори беҳамтои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурсати кофӣ таъйин карда шавад.
Бесабаб нест, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Назорати прокурорӣ”-ро  ба ҳайси китоби дарсии мактабҳои олии кишвар тавсия намудааст. Воқеан ҳам, дар ин   китоби гаронмояи дарсӣ доир ба мафҳум, мақсад ва вазифаҳои назорати прокурорӣ, доираи амали принсипҳои конститутсионии таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва самтҳои асосии назорати прокурорӣ, маҷмӯи амалҳои назоратӣ ва санадҳои назорати прокурорӣ, роҳу усулҳои самараноки ошкор ва бартарафсозии  қонуншиканиҳо басе возеҳу фаҳмо баён ёфтаанд, ки аз нигоҳи мо ҷиҳати  ташаккул ва такмили сатҳи ихтисосмандии донишҷӯёну коромӯзон ва, ҳамчунин, омӯзгорони ҳуқуқшиносӣ манфиати назаррасе  фароҳам месозад.
Пешравии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, васеъ шудан ва такмил ёфтани доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ, қабул ва мавриди амал қарор дода шудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ пайгирона такмил додани  тамоми соҳаҳои назорати прокурориро тақозо менамояд. Посухи саривақтӣ ва ҳирфаиёнаи талаботи замон аз тарафи Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар бобҳои мушаххаси китоби дарсии ин муҳаққиқи нуктасанҷ ва донишманд барои омӯзгорон ва донишҷӯён дар пайвандии амиқ  ба асосҳои назорати прокурорӣ дар соҳаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, назорати прокурорӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, хусусиятҳои иштироки прокурор дар суди конститутсионӣ, инчунин, дар раванди баррасиҳои судии парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, гузашта аз ин, дар робитаи танготанг ба вазифаҳои дигари  мақомоти  прокуратура дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқии прокуратура оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайрокуниҳо маҷмӯи маълумот ва дастуроти муфид пешниҳод гардидаанд, ки, ба назари мо, бешубҳа, таълими густурда ва эътимодбахши мавзӯъҳои ҳуқуқиро осону асоснок мегардонанд. Воқеан, маҳз бо ҳамин гуна хосиятҳои хоси худ “Назорати прокурорӣ” аз китобҳои дарсии пешина бартарӣ касб кардааст. Мусалламан, маълумоти дар китоби дарсӣ дарозои фаъолияти тӯлонӣ ва пурсамари худ  бо камоли дақиқӣ гирд оварда, устодона гурӯҳбандинамудаи муаллиф ба донишҷӯён ва ҷӯяндагони илм дар замони соҳибистиқлолии кишварамон домани фарох касбкунандаи ҳуқуқшиносии тоҷик имконият фароҳам месозад, ки бо асосҳои муосири ташкилӣ ва ҳуқуқии мақомоти прокуратура ва соҳаҳои назорати прокурорӣ ҳатталимкон бештар шиносоӣ пайдо карда, моҳият ва аҳамияти назорати прокурориро дар низоми давлатдории муосир ба ҳадди зарурӣ дарк намоянд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар ин ҷода низ муаллифи китоби гаронарзиш муваффақ шудааст.
Мавзӯъҳо дар “Назорати прокурорӣ” бо сабки дилпазири ҷавобгӯи тақозои айём матраҳ гардида, пайваста бо услубҳои маъмули назариявию таълимӣ, илмию амалӣ хеле боварибахш баён ёфтаанд. Бешак, чунин тарзи силсилабандии мавзӯъҳо моҳият ва ҳадафҳои назорати прокурориро, ки дар ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон,  ҳифзи сохти демократии ҳокимияти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, динӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ ифода меёбад, пурра ва асоснок таҷассум менамоянд.
Шиносоии нахустин бо китоби дарсии “Назорати прокурорӣ” дар ниҳоди олимон, омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯён ниятеро ангеза медиҳад, ки раҳнамои мазкур бо нияти  ба камол расондани мутахассисони баландпояи ҳуқуқшиносӣ омода шудааст. Мо бар он ҳастем, ки бо чунин хислати наҷиб китоби мазбурро аз радифи беҳтарин дастуроти таълимии замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон ҷой додан шоиста хоҳад буд.

Ш. ТОҶИБОЕВ,
декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ,
И. СОЛИЕВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ,
А. БОБОЕВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ,
Н. АХМЕДОВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика,
Ғ. САНАВВАРОВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ,
Б. САМАДОВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ,
А. РАҲМАТУЛЛОЕВ,
дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2020    №: 43    Мутолиа карданд: 1221
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед