logo

порлумон

ҒИЁСИДДИН ШАРИФЗОДА НОМЗАДЕ, КИ АЗ ЗАМИРИ ХАЛҚ РӮИДА

Инак, бо интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо вориди боз як марҳилаи нави рушд мешавад. Зеро интихобот воситаест, ки халқ тавассути он дар идораи ҳокимияти давлатӣ шарик шуда, бо интихоби номзадҳои арзанда сарнавишти имрӯзу ояндаи худро муайян месозад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус зикр намуданд, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Чун бо рӯйхати номзадҳо аз матбуот шинос шудем, ки номзадии Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳоб ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Айнӣ № 22 пешниҳод шудааст, ба зиндагинома ва кору фаъолияташ рӯ овардем. Мавсуф соли 1984 факултети таърих ва соли 1999 факултети ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намуда, то ба имрӯз дар зинаҳои гуногун содиқона хидмат кардааст. Ӯро баъд аз фаъолияти  китобдорӣ,  омӯзгорӣ  ва  директори  мактаби  № 19 - и деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ба кор даъват намуданд. Ғиёсиддин Шарифзодаро соли 1999 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия таъйин  карданд. Дар он солҳо, ки ҳанӯз харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ пурра барқарор нагардида буданд, шуъбаи фарҳанги ноҳия ба ном вуҷуд дошт. Вале ин роҳбари кордон ва инсони хирадпеша дар фароҳам овардани шароит, ба кор даъват намудани ҷавонони соҳибихтисос, кушодани хонаҳои фарҳанг, ташкили ансамблҳои “шашмақом” - у “фалак”, гурӯҳҳои рақсӣ, навозандагон, сарояндагон хизматҳои арзанда намуд. Маҳз самари ин талошҳо буд, ки имрӯз дар деҳоти ноҳияи Айнӣ - 39 муассисаи клубӣ, як қасри фарҳанг ва 69 китобхона амал мекунад, ки дар сохтмон, таҷдиду таъмири онҳо хизматҳои Ғиёсиддин Шарифзода қобили қадршиносист.
Вақте ки арзишҳои фарҳангӣ дар ноҳия ҷойгоҳи хуб касб карданд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифт, ки ӯро ба садри маорифи ноҳия баргузинанд. Чунин ҳам шуд ва ӯ соли 2009 мудири маорифи ноҳия таъйин гардида, қобилияти фавқулодааш ба маорифчиён комёбиҳо овард. Усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монда шуд ва омӯзгорони пешқадам мунтазам ҳавасманд мегардиданд. Муассисаҳои таълимӣ бо аёниятҳо ва таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз гардида, норасоии омӯзгорон дар мактабҳо марҳила ба марҳила аз байн рафт. Хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекардагӣ шуданд. Силсилаи чорабиниҳои бахши маорифи ноҳия ба он нигаронда шудааст, ки шогирдони мактабҳо ба фанҳои биология , химия, риёзӣ ва дақиқ майл намоянд, то ки дастури Пешвои миллат дар самт татбиқ гардад.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент Ғиёсиддин Шарифзодаро ҳамчун шахси донишманд, поквиҷдон, хоксору фурӯтан, ташаббускор, худшиносу ватандӯст мешиносанд. Сатҳи баланди касбиаш водор намудааст, ки ӯро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намоянд. Дар аксарияти вохӯриҳо  бо интихобкунандагон тазаккур дода шуд, ки ӯ бо сифатҳои олиаш сазовори вакилӣ мебошад. Барномаи пешазинтихоботии Ғиёсиддин Шарифзода фарогири пешрафти ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла рушди фарҳанг, маориф, иқтисоду иҷтимоъ буда, аз барномаи ҲХДТ маншаъ гирифтааст.

Бобоҷони НУРЗОД, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2020    №: 43    Мутолиа карданд: 8021
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед