номаҳо
ТАБИАТРО ДӮСТ БИДОРЕМ!
Одам бо табиат зинда аст. Онро бояд тозаю озода нигоҳ дорем. Ҳоло буҳрони экологӣ на танҳо ба ноҳия ё минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи Замин таҳдид карда истодааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар байни ифлоскунандаҳои кимиёвии барои саломатӣ бештар хатарнок ҷойи якумро металлҳои вазнин, карбогидратҳо, нитропайвастагиҳо мегиранд.
Инсон ва табиат аз ҳамдигар ҷудо нашаванда буда, дар ягонагӣ бузурганд. Табиат ба мисли китоби нохонда мебошад. Биосфера то пайдоиши одам вуҷуд дошта ва бидуни он низ боқӣ хоҳад монд, вале одам бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонад. Мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва пурра ба он вобастагӣ дорем. Мо – ҳама дар якҷоягӣ, аз манзили худ сар карда, гирду атроф, маҳал, ноҳия ва шаҳри худро бояд тоза нигоҳ бидорем. Яъне, ба ин васила табиати худро ҳифз намоем.
Барҳақ фармудаанд:
Замин ганҷинаи хайру саховат,
Набототаш кунад моро табобат.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хотир чандин сол пеш дастур доданд, ки ниҳол бишинонем, боғҳои нав бунёд намоем. Ҳолиё ба ниҳолону дарахтони сарсабзу пурбор менигарему шукр мекунем, ки диёрамон – Тоҷикистони азиз на танҳо ба зебоӣ дил мерабояд, балки бо обу ҳавои тозааш ба ҷисму рӯҳамон тавон мебахшаду тандурустӣ. Инчунин, аз меваҳои шаҳдбори ин дарахтон ком ширин мекунем.
Сарвари давлат барои покиза нигоҳ доштани об низ на танҳо дар кишвар, балки ҷаҳон бо ташаббусҳои наҷиб баромад карданд ва ҳамаи пешниҳодҳояшон бо хушнудӣ истиқболи гарм ёфтанд.
Барҳақ ин сарзаминро биҳиштосо номиданд. Мо бо ин гуна макон, ки ҳам амну осоиштагӣ дар он таъмин мебошад, ифтихор менамоем. Ба қадри ин неъматҳои бузург бояд бирасем. Дар баробари он, барои ҳифзи табиати диёрамон ҳама донишу саъю кӯшишамонро ба харҷ бидиҳем. Тухми муҳаббати диёрро бо ҳама зебоиҳо, рангорангиҳояш дар дили шогирдон, насли наврас бояд бинишонем.
Рӯзҳои наздик пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бо лолазоронаш ба худ ҳусну таровати дигар мегирад. Яъне, баҳор дар ин макони барои мо азиз шукӯҳи тоза касб мекунад. Бо шукру арҷгузорӣ ҳар кадоми мо дар ҳавлию назди хонаҳоямон бояд гул шинонем. Табиат дар ин ҳол моро бештар аз ҳама вақти дигар дӯст хоҳад дошт.
Фирӯза МИРЗОЕВА, омӯзгори МТМУ № 50, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2020 №: 44 Мутолиа карданд: 2994