logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ХУШУНАТ ДАР ОИЛА
Зан сирко хӯрд ва шавҳараш панҷ сол зиндонӣ шуд
Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд шаҳрванд М. Мамаҷонзодаро бо моддаи 109 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкушӣ расондан) гунаҳкор дониста, ӯро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, М. Мамаҷонзода моҳи январи соли 2019 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо шаҳрванд П. Абдуллоева оила барпо намуда, ҳамсарашро мунтазам азобу шиканҷа менамудааст.
П. Абдуллоева ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи шавҳараш тоб наоварда, бо истеъмоли сирко қасд ба ҷони худ кардааст. Дар робита ба ин, прокурори ноҳияи Спитамен дар асоси моддаи 109 - и Кодекси ҷиноятӣ нисбат ба М. Мамаҷонзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

ЗАМИНФУРӮШӢ
Боз як ҳолати қаллобӣ ошкор гардид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози боз як парвандаи ҷиноятии марбут ба замин ва тасарруфи маблағи пулӣ хабар дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, Сайдалӣ Мирасилов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Зафаробод соли 2015 барои мусоидат ба ҷудо намуда додани 0,08 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Камолиддин Худойбердиев аз ӯ 800 доллари ИМА гирифтааст. Номбурда, инчунин, бо ҳамин тарзу усул, яъне ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрванди дигар – Нуралӣ Сулаймонов низ 1100 доллари ИМА талаб карда гирифта, ба онҳо зарари калони моддӣ расондааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба С. Мирасилов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

КОРДЗАНӢ
Марди қаблан судшуда даст ба ҷиноят зад
Кормандони милитсия шахсеро ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт намуданд, ки қаблан бо моддаи 216 – и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ гумонбарро марди 35-сола ном бурдааст, ки сокини деҳоти Ҳ. Алиеви ноҳияи Зафарабод мебошад. Номбурда 18 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 28 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Равшани ҳамин ноҳия муноқиша намуда, ӯро бо зарби корд шадидан захмӣ кардааст.
Дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2020    №: 44    Мутолиа карданд: 659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед