logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

БАРОБАР БА 19
Рақамҳои аз 1 то 14 – ро дар дохили доирачаҳо тавре гузоред, ки ҳосили ҷамъи ҳар тараф, яъне се доирачаи пай дар пай ба 19 баробар шавад.

Таҳияи Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,
корманди шабакаҳои барқии ноҳияи Айнӣ

Ҷавоб ба филворди «Адибони машҳури ҷаҳон», аз 21 феврали соли 2020
1. Маркес; 2. Шоу; 3. Навоӣ; 4. Айтматов; 5. Авезов;
6. Пушкин; 7. Лермонтов; 8. Ғамзатов; 9. Есенин;
10. Дефо; 11. Хеменгуей; 12. Гюго; 13. Такҳур.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Ин хабарро шунида, чашмони кампир аз косахонааш берун шуданд.
– Тавба кардам, Худоё! – гуфта нолид вай. – Зани сиёҳбахту сиёҳрӯзӣ, ба кӣ зарараш расидааст?
– Кӣ медонад, - гуфта монд Аҳмадҷон ва пас аз фурсати хомӯшӣ илова намуд: – «Вақтҳои охир зуд-зуд «вобалам» гуфта меомадагӣ шуда монда буд».
– Мегӯянд, ки, – гуфт кампир, – вай ба қозикалон аз дасти Ғаниҷон-бойбача арз карда будааст, ёфта додани духтараш – Савсанро талабидааст, ин гап рост аст?
– Арз карда бошад, кардагист, – гуфт машкоб. – Ана, ҷавоби арзашро ҳам шуниду ба пеши духтараш рафт.

* * *
Мешавам ҳар рӯз дигар, ҳар нафас кам мешавам,
Ҳар қадар худро биҷӯям, он қадар гум мешавам.
Гоҳ мисли сабза мерӯям барои Офтоб,
Гоҳ пинҳон шедвор аз чашми мардум мешавам.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 21 феврали соли 2020
Ӯрун Кӯҳзод
Носири Бухороӣ

Масъули рубрика
ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ҚАНОАТ ҲАМ САРВАТ АСТ
Гурӯҳи сайёҳон аз ғори торике, ки танҳо як маротиба иҷозати вуруд доштанд, убур мекарданд. Бинобар торикӣ, ҳеҷ чиз наменамуд. Пас аз каме пеш рафтан, зери пойҳои худ сангҳои гунонгунро эҳсос намуданд. Дар ин асно роҳбалад гуфт:
 Инҳо сангҳои ҳасрат ҳастанд. Ҳар кӣ бо худ гирад, ҳасрат мехӯрад ва ҳар кӣ нагирад низ ҳасрат хоҳад хӯрд. Бархе гуфтанд:
- Аз ин сангҳо гирем ё нагирем ҳар ду як натиҷа медиҳад, пас чаро бори худро гарон кунем? Бархеи дигар гуфтанд:
- Каме бо худ мебарем. Вақте аз ғор берун омаданд, фаҳмиданд, ки он ҷо пур аз сангҳои гаронбаҳо будааст. Онҳое, ки аз он сангҳо бо худ нагирифта буданд, дар ҳасрати он сӯхтанд. Онҳое, ки гирифта буданд низ ҳасрат хӯрданд, ки чаро бештар нагирифтанд. Зиндагӣ низ мисли роҳ рафтан дар чунин ғорест; агар аз дороӣ бебаҳра бошем, ҳасрат мехӯрем ва агар доро низ бошем, боз ҳам дар ҳасрати бештари он ҳастем. Пас мебояд ба ҳар чизи доштаамон қаноат варзем.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ТАҲҚИҚОТ
ДАР БОРАИ ЯК САРВАТМАНД
Масъулони як муассисаи хайриявӣ хабар ёфтанд, ки шахси сарватманде дар шаҳрашон зиндагӣ мекунад, аммо то ба ҳол  барои ёрии ниёзмандон ҳеҷ саҳме нагирифтааст. Дарҳол яке аз коргаронашонро ба назди ӯ фиристоданд. Корманд чун рӯ ба рӯи сарватманд нишаст, лаб ба сухан кушод: «Мо дар мавриди Шумо таҳқиқот бурдем ва маълум намудем, ки даромади бисёр хуб доред, вале ба касе  кумак накардаед. Оё намехоҳед дар иҷрои ин амали хайр моро шарик бошед?»
- Бисёр хуб, ки дар мавриди ман таҳқиқот бурдаед. Пас аз он магар маълуматон нашуд, ки модарам бемории саратон дорад ва се сол боз дар беморхона бистарӣ аст? - гуфт сарватманд.
- Бубахшед, ман дар хиҷолатам, ки ин ҳақиқатро намедонам. Агар медонистам, аз Шумо барои ташкилотамон кумак намехостам.
- Шумо баъди таҳқиқот инро ҳам маълум накардед, ки бародарам дар ҷанг аз ҳар ду пояш маҳрум шудааст ва дигар наметавонад, ки кор бикунаду рӯзгорашро пеш бубарад? Ӯ 5 фарзанди хурдсол дорад. Ҳамсараш хонашин аст ва наметавонад аробаи зиндагияшро худ бикашад.
- Не, бубахшед. Намедонам, чӣ гуна аз Шумо узр бихоҳам. Мушкилатон, дар ҳақиқат, вазнин будааст.
- Чаро Шумо бо таҳқиқотатон маълум накардед, ки хоҳарам чандин сол боз бемори рӯҳӣ аст ва дар бемористон ниёз ба ёрӣ дорад, то табобат бигирад?
- Оҳ, аз барои Худо, маро бубахшед. Намедонистам, ки ин қадар гирифторӣ доред.
- Бахшиш напурсед. Ҳақиқат ин аст, ки ман ба ҳеҷ яке аз ин ҷигаргӯшаҳоям, ки ҳоли басо вазнин доранд, ёрие нарасондам. Пас, чӣ гуна метавонам, ба Шумо, ки бароям бегонаед,  хайр бинамоям?
Аз арабӣ тарҷумаи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода 


КОР
КӢ ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ МЕКУНАД?
Тоҷире, ки аз ҳисоби фурӯши мӯза сарват ёфта буд, писаронашро ҳам ба ин кор ҷалб кард. Нахуст писари калони худро махсус ба Африқо фиристод, то вазъи харидуфурӯши пойафзолро фаҳмида ояд. Ӯ зуд баргашта хабар дод: «Дар Африқо ҳама пои луч мегарданд. Тиҷорати мо он ҷо рушд нахоҳад кард».
Падар писари дуюмро низ ба Африқо бо чунин супориш фиристод. Ӯ баъди чанде баргашта, бо фараҳмандӣ гуфт: «Падар, он ҷо касе кафш немепӯшад, дукон ё коргоҳи кафшбарорӣ нест, муштарӣ бисёр, рақобати тиҷоратӣ дида намешавад, агар зуд дуконҳои фурӯши пойафзол  таъсис диҳем, сарватамон дучанд меафзояд. Маданияти пӯшидани кафшро дуруст фаҳмонда, нархҳоро барои халқи Африқо дастрас гардонем, кофист».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


АМРИ ТАҚДИР Ё ЧӢ ТАВР НОБИНО БАР АСАРИ ТАСОДУФ БИНО ШУД
Баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки ба воқеияташон бовар кардан мушкил аст. Масалан, марде аз Лаҳистон бо номи Януш Горой дар садамаи автомобилӣ  биноии чашмашро аз нав пайдо кардааст.
Януш ҳанӯз дар синни ҷавонӣ ба сабаби алергияи ҷиддӣ аз биноӣ маҳрум гашт. Чашми чапи ӯ, умуман, нобино шуда буд ва бо чашми росташ фақат рӯшноиро ҳис мекард. Пас аз 20 сол мард бо табассум ба хешовандон хабар дод, ки ҳама чизро дида метавонад. Ин муъҷиза пас аз тасодуф ба вуҷуд омад.
Рӯзе  Януш роҳро убур мекард, ки баногоҳ автомобиле ба ӯ бархӯрд. Марди лаҳистонӣ сахт ҷароҳат бардошта, ба замин афтод.
Табибон   ҷиҳати барқарории қабурғаи вай ҷарроҳии ҷиддиро анҷом доданд. Пас аз ду ҳафта устухони шикаста табобат ёфт. Вале тааҷҷубовар ин буд, ки биноии чашмаш низ барқарор шуд. То ҳол касе намедонад, ки кадом муъҷизае мардро биноӣ бахшид, ҳатто худи табибон.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН
Сомонаи «Сто фактов.рф» чанд далели ҷолиб дар бораи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки барои муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвари мо дар ҷаҳон нақши муҳим мебозад. 
1. Тоҷикистон на танҳо номи як кишвар, балки яке аз сайёраи хурди системаи офтобӣ низ мебошад. Астероиде, ки 250 миллион километр дуртар аз Замин давр мезанад, барои саҳми олимони тоҷик дар рушди астрофизика «Тоҷикистон» ном гирифтааст.
2. Дар қисмати шимолии Тоҷикистон Искандаркӯл вуҷуд дорад, ки ранги об дар он доимо тағйир меёбад. Ин кӯл бо исми Искандари Мақдунӣ ёд мешавад. Мувофиқи ривоятҳо, сокинони деҳаи дар ҷои он вуҷуддошта ба Искандар таслим намешаванд. Пас ӯ амр медиҳад, ки дарёҳоро ба деҳа барорад, то он зери об монад. Дар натиҷа, ҳамин кӯл арзи ҳастӣ намуд.
3. Неругоҳи барқи обии «Норак» бо баландтарин сарбандаш дар ҷаҳон ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил шудааст. Баландии он 304 метр мебошад. Яъне он аз бурҷи Эйфел ҳам баландтар аст.
4. Дар Помир, дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр Боғи ботаникии нодире мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 20 ҳазор рустаниҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ҷамъ оварда шудаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДИДРО
Дидро ба утоқи кории ношираш лаҳзае даромад, ки ӯ либос мепӯшид ва нависанда лутф карда, хост ёрӣ расонад. Ношир, ки аз афташ сахт хиҷолат кашид, чунин гуфт:
- Бо ин амалатон худро паст назанед, ҷаноб. Охир Шумо шахсияти бузургед.
- Ҳеҷ гап не, хиҷолат нашавед, ман бори аввал нест, ки ноширонро мепӯшонам, - маънидорона гуфт Дидро.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МАШҚИ ҶАНОЗА
Фурӯшандаи молҳои ҳазору як майда - чуйда Ҷим Ҳернҳарт, аз Бэрлингтони иёлати  Колорадо, хост аниқ бидонад, ки замоне вақташ расаду бимирад, ҷанозаашро чӣ хел мехонда бошанд. Аз ин рӯ, дар ҷашни 75 - солагиаш барои «машқ» маросими ҷанозаашро ташкил намуд. Ҳашт нафар дӯсташ тобути ӯро сари китф бардошта, ба гӯристон овард. Хатиб суханони видоӣ гуфт ва дуо хонд. Қариб 2000 сокини шаҳрак ин намоишро тамошо кард. Маросим чунон ба Ҳернҳарт писанд омад, ки вай минбаъд дар ҳар зодрӯзаш дар тӯли 28 сол  ин «саҳна» - ро намоиш медод. Ӯ дар 103 - солагӣ мурд. Дар маросими воқеии гӯру чӯбаш танҳо аҳли оилааш иштирок кард, зеро бисёрии шиносону дӯстонаш кайҳо аз дунё рахти сафар баста буданду барои дигарон саҳнаи гӯркунии ӯ дилбазан шуда буд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


МАМЛАКАТҲОИ АЗ ҲАМА ЗИЁД МУҲОҶИРДОШТА
(Нафароне, ки ба ин мамлакатҳо
кӯч баста, шаҳрвандиашро қабул кардаанд, бо фоиз)
1. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  – 44, 4
2. Арабистони Саудӣ  – 12, 2
3. Олмон – 12, 1
4. Федератсияи Россия – 11, 7
5. Британияи Кабир – 8, 8
6. Амороти  Муттаҳидаи Араб  – 8, 3
7. Фаронса – 7, 9
8. Канада – 7, 9
9. Австралия – 7
10. Испания – 6
11. Италия – 5, 9
12. Ҳиндустон – 5, 2
13. Украина – 5
14. Туркия – 4, 9
15. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – 4
Таҳияи Умар АЛӢ


МАРК ТВЕН
Яке аз дӯстони Марк Твен аз ӯ пули калон қарз гирифта, ваъда медиҳад, ки, агар намурад, расо баъд аз як моҳ  маблағро бармегардонад. Аз қазо як моҳ мегузараду қарздор бедарак мешавад. Рӯзи дигар Марк Твен дар яке аз рӯзномаҳо ба ин мазмун эълон менависад : «Бо андуҳи бузург ба ҳамаи наздикон мерасонам, ки дӯсти мо Гарри Дункан дунёро падруд гуфт. Ӯ аз ман 500 доллар қарз гирифта, ваъда дода буд, ки, агар намурам, баъд аз як моҳ ҳатман бармегардонам. Чун дӯсти ман марди қавл аст, ягон ҷойи шубҳа нест, ки ҷон ба Ҷаббор супурдааст, зеро дирӯз муҳлати ваъдааш ба охир расида буд. Худо ҷояш ҷаннат шавад…». Пас аз чопи таъзия «худораҳматӣ» гӯё аз нав зинда шуду қарзи Марк Твенро субҳи барвақт бармегардонад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ҶОЗЕФИН КОКРЕЙН ВА "АСРОР" - И КАШФИ МОШИНИ ЗАРФШӮӢ
Ҷозефин Кок-рейн,  набераи кашшофи киштии дарёӣ  Ҷон Фитя буда,  аз хурдӣ шоҳиди баҳсҳои зиёде оид ба ихтироот гардидааст.  Ҳарчанд худаш дар бораи ихтироъ аслан фикр ҳам намекард, вале аз «маҷбурӣ» кашфиёте анҷом дод, ки чун нақш дар санг ҷовидонӣ боқӣ монд. Гап сари он меравад, ки чун оилаи онҳо хеле сарватманд буд, ҳамеша меҳмонҳои зиёд доштанд.  Одатан аз ташрифи меҳмонҳо волидайн хурсанд мешуданд, вале дар чеҳраи Ҷозефин шодӣ ҳис намешуд. Баръакс ғамгину маъюс менамуд. Ва ин бесабаб ҳам набуд, зеро шустану ҷобаҷо кардани ҳамаи зарфҳои чиркинро ӯ бояд анҷом медод.  Ин вазъро дида, Ҷозефин ба худ қавл дод, ки роҳи ҳалли шустани зарфҳоро  пайдо мекунад.
31 декабри соли 1885 дар ИМА патентро барои ихтирои  мошини зарфшӯӣ дарёфт намуд ва ин навовариро дар илм  ҷорӣ кард.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


3 РОЗИ ТАВОНОӢ: НЕКӢ, МЕҲР ВА ТАВАҶҶУҲ
Ҷавоне назди устоди ҳарб омад ва иҷозат хост, то дар назди ӯ тамрин кунад.
- Барои чӣ машқ мекунӣ?- пурсид муаллим.
- Мехоҳам тавоно ва шикастнопазир бошам.
Устод гуфт: «Барои ин тамрин кардан зарур нест. Бо ҳама накукору меҳрубон ва бодиққат бош. Накукорӣ ва меҳрубонӣ эҳтирому муҳаббати дигаронро ба ту зиёд намуда, ботинатро поку танатро тавоно мегардонад. Бодиққат будан, барои дарк кардани дигаргуниҳои нозуктарин  ба ту ёрӣ расонда, имконияти  дарёфти роҳи дурустро ҷиҳати  бартараф кардани муноқишаҳо муҳайё месозад. Яъне, бе он ки ба набард бароӣ ғолиб мегардӣ».
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


"ДИННЕРС КЛАБ"
ЯК  ХОТИРА
Имрӯзҳо бо корти қарзӣ пардохтани маблағ касеро ба ҳайрат намеорад, вале замоне мардум дар бораи он тасаввурот надоштанд.
Директори ширкати қарзии «Ҳемилтон кредит корпорейшн» - и Амрико Фрэнк Макнарам боре нисфирӯзӣ ба тарабхона даромада хӯрок тановул кард, аммо вақти пардохти маблағ маълум шуд, ки ҳамёнашро дар хона фаромӯш кардааст. Баъд аз соатҳои тӯлонӣ  ҳамсараш ба ёрии ӯ шитофту Фрэнк-ро аз «ҳабс» - и тарабхона берун овард. Пас аз ин, Фрэнк бо дӯстонаш ширкати «Диннерс Клаб» - ро таъсис дод, ки истеҳсоли кортҳои пластикиро ба роҳ монда, ҳамзамон, аввалин ширкати миёнарави қарздиҳанда ба ҳисоб мерафт. Албатта, аз ин иқдом каме ҷони мардум осоид, вале солҳои 50 – ум дар Амрико беқурбшавии пул оғоз ёфту дар натиҷа амрикоиҳо, ки аксаран аз кортҳои «Диннерс Клаб» истифода мебурданд, ба қарз ғӯтиданд. Пасон, ин «анъана» - и амрикоиҳоро дигар кишварҳо истифода мебурдагӣ шуданд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


10 КИШВАРИ ХУРДТАРИН ДАР ҶАҲОН
Дар рӯи Замин 193 мамлакат мавҷуд аст, ки бо масоҳати худ аз ҳам ба куллӣ тавофут доранд. Агар Россия бузургтарин давлати олам бошад,  кишварҳое ҳастанд, ки аз шаҳрҳои баъзе кишварҳо кӯчактаранд. Ин навбат тасмим гирифтем, ки ба хонандагон дар бораи мамлакатҳои хурдтарини олам маълумоти мухтасар манзур намоем.

9. ҶАЗИРАҲОИ МАЛДИВ
Ҷазираҳои Малдив дар уқёнуси Ҳинд ҷойгир буда, аз ҷиҳати масоҳат, кишвари хурди Осиёст. Масоҳати он 298 км2 аст. Аҳолиаш 396 ҳазор нафар. Дар пойтахташ - Мале, аз се ду ҳиссаи сокинон зиндагӣ мекунанд.
Кишвар аз ҳисоби содироти моҳии хушк, молюскҳо ва ресмони кокосӣ рушд мекард. Ҳоло бошад, аз ҳисоби сайёҳон даромади зиёд ба даст меорад.
8. ФЕДЕРАТСИЯИ СЕНТ - КИТС ВА НЕВИС
Ин давлат дар байни Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, дар ҷазираҳои уқёнуси Атлантика ҷойгир аст. Он ду ҷазираро дар бар гирифта, 261 км2 масоҳат дорад. Сарчашмаи асосии даромад сайёҳӣ буда, кишоварзӣ ва бонкдории офшорӣ низ дар ин ҷо рушд кардаанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
2. ДЕВИД РИКАРДО (1772 - 1823)
Классики иқтисоди сиёсӣ, иқтисоддони англис, шогирд ва инкишофдиҳандаи назарияи Адам Смит. Дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Девид дар байни 17 фарзанди даллоли биржаи Лондон  Абраҳам Рикардо сеюм буд. Аз 14 - солагӣ ёвари падар шуд ва асосҳои тиҷорати биржавиро омӯхт. Дар 16 – солагӣ супоришҳои падарро мустақилона иҷро мекард. Дар 21 - солагӣ дини яҳудиёнро тарк гуфт. Падараш барои ин амал ӯро аз мерос маҳрум кард, модараш то охири умр бо ӯ гап назад. Пул надошт, аммо дониш ва ҳунараш комил буд. Дар 38 - солагӣ яке аз сарватмандтаринҳои Англия шуд.
Ҷонибдори назарияи либерализми иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорати озод буд. Назарияи тиҷорати байналмилалӣ ва шарикии байналмилалиро асос гузошт.
Назарияҳои арзиши мол ва меҳнат, арзиши нисбӣ, сармоя (капитал), рента (даромад аз замин), музди кор, пул, такрористеҳсол, афзалиятҳои муқоисавӣ ва фоизу фоида аз сармоя, ки дар ҷаҳон пайравони зиёд доранд, маҳз маҳсули тафаккури иқтисодии Девид Рикардо мебошанд.
Таҳияи С. ФАРЗОНА


СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАРҲО НАФАҚА НАМЕГИРАНД
НИГЕР
Системаи нафақаи Нигер бештар мафҳуми зоҳирист, на механизми воқеии ҳифзи иҷтимоӣ. Дар пиронсолӣ баъзе намуди пардохтро дар ин ҷо танҳо 3 фоизи аҳолӣ дарёфт менамоянд. Фонди давлатии ҳифзи иҷтимоӣ дар кишвар соли 1965 таъсис гардид, аммо бо гузашти ним аср имконоти он барои бештари шаҳрвандон дастрас нест. Синни нафақа 55 сол муқаррар шудааст, дар ҳоле ки ҳисоби миёнаи умри сокинони ин кишвар 52 солро тартиб медиҳад.
Нигер дар рӯйхати кишварҳои камбағал дар зинаи дувум қарор дорад. Дар чунин шароит амалан кулли сокинони Нигер кори ғайрирасмиро афзал медонанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


10 филми тасвирии сердаромад
8. «ШОҲ ШЕР»
«Шоҳ Шер» 32 - юмин филми тасвирии компютерии дарозметраи классикиест, ки соли 1994 аз ҷониби студияи «Дисней» ба навор гирифта шудааст. Ин филми тасвирӣ дар бораи шербачае бо номи Симбо нақл менамояд, ки дар зиндагӣ хиёнату бевафоиҳои зиёде дида, дар охир ба маснади шоҳӣ менишинад. 
«Шоҳ Шер» дар муддати кӯтоҳ ҳаводорони зиёд пайдо кард. Он рӯзе то 4,5 миллион фитта ба фурӯш рафта, яке аз серхаридортарин филмҳои тасвирии ҷаҳон маҳсуб меёбад.
«Шоҳ Шер» дорандаи ду ҷоизаи «Оскар» ва ду ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» мебошад.
Буҷети филм 45 миллион доллари ИМА буда, маблағи ҷамъовардааш аз намоиши ҷаҳонӣ 968 483 777 миллион доллари ИМА -ро ташкил медиҳад. 
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
7. ҶОН КИТС
Ашъори шоири англис Ҷон Китс тамоми умр зери танқиди адабиётшиносон қарор дошт. Танҳо дар асри XIX бо дарки заҳматҳои зиёди ӯ Китс яке аз шоирони дӯстдоштаи Англия эътироф гашта, асарҳои бо сабку услуби  хоса  ва эҳсоси баланди зебопарастӣ эҷод намудааш ҳаводорони зиёде пайдо намуданд. Ҷон ҳамагӣ 25 сол умр дида бошад ҳам, шеърҳояш давомдиҳандаи умраш гаштаанд.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2020    №: 44    Мутолиа карданд: 723
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед