logo

фарҳанг

ТАВОНОӢ БА АНДОЗАИ КИТОБХОНИСТ

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият» (28.01.2020) мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов бо номи “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат” ба чоп расид. Дар он зикр гардидааст, ки ҳар фарде, ки аз таърихи шашҳазорсолаи миллати хеш воқиф мегардаду собиқаро бо фарҳанги бегонагон дар муқоиса гузошта метавонад, дунёро ба чашми хирад менигарад, аз ҷоҳилият, хурофоту таассуб ва ватансӯзӣ ба канор меравад. Дуруст аст, ки барои чунин донистанҳо маъхазҳои илмӣ, далелҳои муътамад, ҳақиқати санҷидашуда зарур мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат ба сифати чунин сарчашма асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро пешниҳод намуданд. Дар Паём омадааст: «Қудрати халқ дар сифат, сохтор, мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯст. Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст гуноҳи худро эъироф кунад, то дар замони осудагӣ ва шукуфоӣ, ки  хушбахтона, хоси вазъи имрӯзаи Ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз рӯзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собитқадамона хатоҳоро ислоҳ намояд. Ба давлат нигоҳ накунад, зеро давлат худи миллат, худи мардум – аз хурд то бузург аст».

С. Ятимовро ҷонибдорӣ менамоем, ки шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои даҳшатнок раҳонид ва ҳар рӯзу соати ҳаёташ ҷоннисорона барои хушбахтии ҳамин миллат сарф гардид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, муроҷиат мекунад: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориётабор будани худ ифтихор кунем».
Ӯ ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар илму маърифат, огоҳ будан мебинад. Ҳар фарди солимфикр бояд тавассути омӯзиш аз таърих, ки хотираи инсоният аст, бохабар бошад, аслу насабашро донаду маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд ҳифз намояд.
С. Ятимов барҳақ менависад, ки баъди Инқилоби Бухоро (1920) душманони сохти нави давлатдорӣ ва ҷонибдорони давлати феодалии ниҳоят заиф ва ақибмонда амирони манғит – асосгузорони ҳаракати босмачигарӣ дар симои мактаби нав ва омӯзгорон рақибони ҷонии худро... дар симои дониш, маърифат, ақлгароӣ фошкунандаи асили мақсаду маром ва аъмоли зишти хешро медиданд.
Дунявият, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорист, ҳеҷ гоҳ муқобили дин нест, баръакс дар сохтори ҷамъиятии демократӣ, дунявӣ имкони мубориза ба муқобили  хурофоту таассуби сиёсиву динӣ, маҳаллӣ пайдо гардид, забону фарҳанги миллӣ соҳиби пояҳои устувор гашт, тибқи қонун дифоъ мегардад. Маҳз дунявият, сохтори демократӣ боиси ривоҷи соҳибкорӣ, некуаҳволии шаҳрвандони мо, таҳсили онҳо дар хориҷа, иҷрои озодонаи намозу рӯза, маносики  ҳаҷ ва фаъ-олияти густардаи масҷиду мадрасаҳо, чопи асарҳои динӣ, чопи “Қуръон” ба теъдоди зиёд гардид. Сарвари давлат саҳлангориро нисбат ба омӯзиши илму маърифат бемасъулиятӣ ва фоҷиабор маънидод карданд. “Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад” омадааст дар Паём.
Дар он дар баробари бунёди китобхонаҳо дар деҳот, ҷалби мардум ба китобхонӣ, ба азхудкунии илмҳои бунёдӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар навиштаи С. Ятимов бавижа таъкид мегардад. “Номи Абуалӣ ибни Сино (Авитсенна) – зодаи Бухоро, ба таърихи маданияти дунё ворид шудааст. Ин ғайричашмдошт нест. Ӯ дар қатори бузургтарин олимон – энсиклопедистони асримиёнагӣ эътироф гаштааст. Мероси илмии ӯ бениҳоят васеъ буда, самтҳои гуногунро дар бар мегирад: фалсафа, тиб, риёзӣ, ситорашиносӣ, ботаника, кӯҳшиносӣ, забоншиносӣ, назмшиносӣ ва мусиқиро”. Албатта, дар ин росто аз заҳматҳои илмии Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо дигар нобиғаҳои илмҳои дақиқро ёдовар шудан мумкин аст».
Танҳо ба василаи рушди донишҳои техникӣ имконияти истифодаи захираҳои табиӣ фароҳам меояд. Ба ҳамин хотир, Президенти мамлакат зимни ироаи Паём таъкид намуданд:  «Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд».
Мо танҳо тавассути китобхонӣ, омӯзиши илм дар решакан кардани хурофот  комёб мешавем. Тибқи дастури Сарвари давлат китоби аллома Б. Ғафуров, яъне «Тоҷикон» бознашр ва ба ҳар як оила дастрас мегардад.
Таъсиси Ҳизби наҳзати ислом фаъолияти бебунёд, амалҳои офатбори он далели бармалои хурофоту таассуб, ноогоҳии мардум аз таърихи миллату дин, ҷонфидоиҳои фарзандони меҳанпараст мебошад. Вагарна ки дар кишвари мо барои фаъолияти масҷиду мадраса, намозхониву рӯзагирӣ, иҷрои маносики ҳаҷ, додани закот ҳеҷ гуна монеа вуҷуд надорад.
Дар ҷое, ки хурофоту таассуби динӣ ба қудрати сиёсӣ ноил гардад, қудрати тафаккури илмӣ рӯ ба рукуд меораду иқтисод варшикаста мегардад.
Чун Инқилоби Бухоро ғалаба карду болшевикон ба ҳокимият расиданд, ин дилсиёҳон, ки аксар мутаассибону пантуркистон буданд, ба таъқибу ҳалоки ҳарифонашон бархостанд.
Дар Паём Пешвои миллат изҳор доштанд: “Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро бо роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад”.
Дар мақолаи С. Ятимов “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат” андешаи зайл омадааст, ки онро мо чун ҳамовозӣ ва хулосабарории хеш меҳисобем: “Қудрат ва тавоноии фикри инсон баробар бо андозаи китобхондани ӯст. Яке аз бузургтарин файласуфон ва драманависони олам Дени Дидро (1713-1782) таъкид кардааст: “Фикр кардани инсон қатъ мегардад, агар ӯ китобхониро қатъ кунад”.

Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 621
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед