logo

ҳуқуқ

КӮЗАПУШТРО ГӮР ИСЛОҲ МЕКУНАД. МЕҲРОБ ВА ДАЛЕР БАЪД АЗ АДОИ ҶАЗО БОЗ ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАДАНД

Зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди ноҳияи Сино Меҳробҷон Ботуров, сокини шаҳри Кӯлоб (қаблан се маротиба суд шудааст) ва Далер Исоев, истиқоматкунандаи пойтахт (пеш ҳафт маротиба суд шудааст) барои содир намудани ҷинояти дуздӣ бо моддаи 244 қисми 3 бандҳои «а, в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, равонаи зиндон гардиданд.
Тафтишот маълум кард, ки судшаванда Меҳробҷон Ботуров 15 январи соли 2019 баъд аз адои ҷазо ба озодӣ баромада, моҳи августи ҳамон сол аз Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии № 12 (ноҳияи Фирдавсӣ), як адад ноутбуки тамғаи «DELL» - ро дуздида, ба соҳибмулк Махфират Қурбонова ба маблағи 3500 сомонӣ зарари калони моддӣ расондааст.
Далер Исоев бошад, моҳи майи соли 2019 баъд аз адои ҷазо ба озодӣ баромада, такроран даст ба ҷиноят задааст. М. Ботуров бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш Далер Исоев ва Аъзам Ҳайдаров (бо тахаллуси «Сокол» ном шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум) 15 октябри соли гузашта бо мақсади дуздӣ, дар истгоҳи назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдони шаҳрванд Малика Қаюмова телефони мобилии тамғаи «Samsung j-3» - ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Онҳо ба М. Қаюмова ба маблағи 2030 сомонӣ зарари калони моддӣ расондаанд.
Ҷинояткорон ҳамон рӯз дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе пас аз анҷоми бозии тимҳои миллии Тоҷикистон ва Япония ҳангоми аз варзишгоҳ баромадани мухлисон аз фурсати муносиб истифода бурда, тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷайби шаҳрванд Оятулло Одиназода телефони мобилии тамғаи «Хуаве нови 3-i» - и арзишаш 3800 сомонибударо дуздидаанд.
Тибқи талаботи моддаи 78 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд муайян намуд, ки далели шайъӣ як адад ноутбук ва ду телефони мобилӣ ба ҷабрдидаҳо дар рафти тафтишоти пешакӣ дар асоси забонхат баргардонда шудааст.
Суд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Меҳробҷон Ботуров ва Далер Исоевро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 3 бандҳои «а, в» (дуздӣ ба миқдори калон ва  дар ҳолати ретседиви хавфнок) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ҳар ду ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати шашсолӣ, бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сахт таъйин кард.
Бо татбиқи сархати 3 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” (25.10.2019), таҳти № 1648 муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳрум сохтан аз озодии ҷинояткорон аз се як ҳисса  кам карда шуд.
 
Д. АБДУРАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино,
М. БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 748
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед