logo

иқтисод

НУРОБОД. 150 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 248 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст, 150 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дар 96 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар соли 2019 барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 51 миллиону 631 ҳазору 900 сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион  сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун», 9 миллиону 19 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо, 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 773 ҳазору 600 сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ,  595 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 миллиону 20 ҳазору 300 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва манзилҳои истиқоматии инфиродӣ, 6 миллиону 474 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он 102,7 фоизро ташкил дод.
Боиси хушнудист, ки рӯз ба рӯз сафи шахсони саховатпеша ва ватандӯсти ноҳия бобати сохтмону бунёди иншооти ҳаётан муҳим афзуда истодааст. Сокини деҳаи Тегирмӣ Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худ ба бунёди пули мошингузар барои ҳамдиёрон иқдом намуд. Сокинони деҳаи Юст пули мошингузари деҳаро бо сифати баланд таҷдид карданд.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №79 дар деҳаи Сарҷӯй  ба маблағи 773 ҳазору 600 сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар деҳаи Хуфак ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ, ошхона дар маҳаллаи 1-уми шаҳраки Дарбанд ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ, бозсозии маркази хизматрасонӣ ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ ва дорухона дар шаҳраки Дарбанд ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ, сехи коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ба маблағи 64 ҳазор сомонӣ ва истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатобод ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадара ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ, хатҳои интиқоли барқ ба маблағи 5 миллиону 114 ҳазору 600 сомонӣ ва ғайра аз зумраи иншооте мебошанд, ки дар соли рафта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми саъю талош, неру, иродаву матонати хешро  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона,  корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда истодаанд.              
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 781
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед