logo

фарҳанг

САРАЗМ ВА ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАЪРИХИ МИЛЛӢ

Бисёр рамзист, ки 5500 - солагии Саразми бостонӣ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омад. Зеро Саразм ҳамчун падидаи муҳими сайёҳии таърихӣ шинохта шуда, имрӯз ҷаҳониён аз ин тамаддуни нодир огоҳанд. Ин шаҳодат бар он аст, ки мо дар саргаҳи тамаддун қарор дорем ва ин барои миллати тоҷик на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор зикр карда буданд: “Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем”.
Ҳанӯз дар ибтидои соли 2000 - ум Сарвари давлат аз ёдгории Саразм дидан намуда, супориш доданд, ки шаҳрак аз таъсири омилҳои табиӣ эмин дошта шуда, омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ васеъ ба роҳ монда шавад. Дар радаи аввали сарсупурдагони таҳқиқи ин ёдгорӣ ному насаби бостоншинос, номзади илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқов меистад.
Минбаъд роҳи ин таърихдони маъруфро шогирдонаш идома дода, бо ҷалби бостоншиносон аз Фаронсаву Россия собит карданд, ки ёдгории Саразм таҷассуми дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти ориёиҳои асри биринҷӣ ба шумор меравад.
Ба ифтихори 5500 - солагии ин ёдгорӣ соли ҷорӣ ба Тоҷикистон меҳмонон ва пажӯҳишгарону бостоншиносони хориҷӣ ташриф меоранд. Дар баробари Саразм, ҳамчунин, аз гӯшаву канори гуногуни кишварамон дидан мекунанд, дар ин маврид аз мо маданияти баланди шаҳрдорӣ, забондонӣ ва муоширати нек талаб карда мешавад.
Мо омӯзгорон, бахусус муаллимони фанни таърихро зарур аст, ки Саразм ва дигар ёдгориҳои таърихии халқамонро ба шогирдон дуруст муаррифӣ кунем ва дар партави таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии насли ҷавонро ташаккул диҳем.

Гулшан МАМАДҚУЛОВА,
омӯзгори фанни таърихи гимназияи “Кафолат”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед