logo

ҳуқуқ

КУШТОРИ ОДАМ. ҚОТИЛ ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ

Суди ноҳияи Сино Фирдавс Муминов, сокини шаҳри Душанберо паси панҷара равон кард, ки қаблан се маротиба суд шудааст. Ӯ бори охир бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур (16 ноябри соли 2016) бо моддаи 248 қисми 2 - и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда, пас аз адои 3 сол ҷазо ба муассисаи ислоҳи сукунат гузаронда шудааст. Вале Фирдавси гумроҳ ба корҳои фоидаовари ҷамъиятӣ машғул нашуда, такроран даст ба ҷинояти вазнин зад, ки он оқибат ба марг анҷом ёфтааст. 

Тафтишот муайян кард, ки ҷинояткор 22 сентябри соли 2019 дар кӯчаи Борбади пойтахт ошкорро ба шаҳрванд Артур Тугеев ва завҷааш София Бегалиева дарафтода бо таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ телефони мобилии тамғаи «Редми нот-7» - ро (арзишаш 1800-сомонӣ) тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ба самти бозори «Деҳқон» фирор менамояд. Ин ҳолат аз назари шаҳрванд Мустафо Наимов (28 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ) пинҳон намемонад. Барои дастгир намудани ҷинояткор ӯро пайгирӣ карда, дар назди бозори зикргардида дастгир намудааст. Дар ин ҳолат Фирдавс бо корд ба қисми болои банди дасти чапи М. Наимов задааст, ки дар натиҷа Мустафо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз хунравии зиёд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин дар ҳолест, ки бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, марҳум Мустафо Наимов барои зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ шуд.
Суд талаботи қонунгузории кишварро ба инобат гирифта, Фирдавс Муминовро бо моддаҳои 248 қисми 3 бандҳои «б, г» (ғоратгарӣ ба миқдори калон ва дар ҳолати ретседивӣ) ва 110 қисми 3 бандҳои «б, в» (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати ретседивӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардидааст) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо татбиқи моддаи 67 қисмҳои 1 ва 3 – и Кодекси ҷиноятӣ, барои маҷмӯи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба Муминов Фирдавс ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20  сол, таъйин кард.
Дар асоси сархати 4 моддаи 7 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” (25 октябри соли 2019), таҳти № 1648, муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба Фирдавс Муминов аз чор як ҳисса кам гардид.

Маҳмадзода ХУРШЕД, судяи суди ноҳияи Сино,
М. БАҲРОМ, “Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед