logo

ҳуқуқ

НАҲЗАТ. ҲИЗБЕ, КИ ПАЙРАВӢ АЗ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН” ДОРАД

Дар ҳама мароҳили таърихӣ барангезандагони аслии кинаю адоват ва нооромкунандагони ҷомеаҳо рӯҳониёни ифротию иртиҷоӣ мебошанд, ки мисоли равшани инро тамоми мардуми Тоҷикистон дар фаъолият ва амалкардҳои роҳбарият ва намояндагони ташкилоти террористии наҳзатӣ  бармало мушоҳида кардаанд. Ин гурӯҳи худхоҳи ватанфурӯш ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию оромии ҷомеа ва пешрафти зиндагии мардум набуданд ва нестанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ҷомеа ҳамеша дар ҳолати парешонӣ қарор дошта бошад. Агар дар ҷомеа чунин ҳолат ҳукмфармо гардаду бесарусумонӣ ба вуҷуд ояд, онҳо метавонанд, ки ниятҳои шумашонро амалӣ намоянд. Аз ин рӯ, сулҳу субот ва ваҳдату амнияти сартосарии кишвар ба нафъи роҳбарияту намояндагони ТТЭ ҲНИ ва ё паймони зидимиллии онҳо  нест.
Ташкилоти террористии наҳзатӣ бо ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул- муслимин” умумияти зиёд дорад.  Ҳар ду ташкилот тамоми қувваи ақлонию ҷисмонии хешро барои ба гумроҳӣ бурдани мардум ва ноором кардани ҷомеа равона менамоянд. Зеро агар ба сабабҳои сар задани ҳар гуна низоъ ва бунёди моҷарову ҷангҳо дақиқан диққат диҳем, дар он ҳамеша саҳми диндорони иртиҷоиеро, чун роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва “Ихвон-ул-муслимин” мушоҳида менамоем.
Террористони наҳзатӣ ҳанӯз солҳои навадум аз дин барои сафарбар кардани ҷавонон ва мардуми боварманд барои иҷрои мақсадҳояшон суиистифода мекарданд. Ҳамчунин, дигарандешон ва ҳар нафареро, ки дурӯғ будани рафтору кирдори онҳоро собит карданӣ мешуд, бо тамғаҳои «кофир», «бедин», «мулҳид» ва ҳоказо муттаҳам сохта, дар байни инсонҳо хашму ғазабро паҳн мекунанд.
Аз бовару эътиқодоти динии мардум истифода кардану онҳоро ба гумроҳа бурдан ва дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа хусумату бадбиниро рӯйи кор овардан амали ҳамешагии тамоми созмонҳои исломии террористӣ, хусусан, «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ мебошад.  ТЭТ ҲНИ барои расидан ба мақсад ва ҳадафҳои хеш дар зоҳир оромона, вале дар ботин заҳҳоконаю аҳриманона усулҳои «Ихвон-ул-муслимин» - ро тарҳрезиву амалӣ менамояд. Наҳзатиҳои террорист мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин бовариеро дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон дар тамоми гӯшаю канори олам танҳо ва танҳо онҳоянд. Аз ин рӯ, мусалмонон ва ҳар нафаре ба ин дин майлу рағбат дорад, бояд ба эшон дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад, ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки наҳзатиён ё ихвониён ба хотири ҳадаф ва манфиатҳои онҳо кор мекунанд.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба мисли ихвониҳо шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён мегузоранд, ки чунин шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ татбиқнашавандаанд. Агарчи онҳо дар як давраи кӯтоҳ то замони расидан ба ҳадафҳои худ аз ин шиорҳо истифода менамоянд, вале ҳангоми қудратро ба даст гирифтан, онҳо баръакс амал менамоянд. Мисол, М. Мурсӣ, ки худ ихвонӣ буд, дар муддати кӯтоҳи президентиаш дар Миср барои аз байн бурдани принсипҳои демократӣ кӯшиш карда, ҳатто ба тағйир додани конститутсияи ин кишвар иқдом намуд. Як қатор қарорҳоеро қабул намуд, ки зидди принсипҳои демократия ва озодӣ буданд. ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари Ҳукумат ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд.
Ҳаводиси нангине, ки солҳои 90 - уми асри гузашта ба сари миллат омаданд, маҳз кори дасти ҳамин гуна пуштибонони озодиву адолат ва демократия, дар асл бегонапарасту аҷнабигаро ва хиёнаткору зулмпарвар буд. Онҳо барои манфиатҳои шахсию гурӯҳии худ шуда, кишвари биҳиштосои Тоҷикистонро ба коми ҷанг кашиданд, чанд ҳазор афроди бегуноҳро нобуд карданд, чанд ҳазор нафари дигарро беватан сохтанд, шумори зиёди коргоҳҳои саноатиро валангор намуданд ва ба иқтисодиёти кишвар хисороти ҳангуфт ворид карданд. Бар замми ин ҳама, пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ даст аз амалҳои нопоки худ накашида, гоҳ-гоҳе дар ҳар ҷо ба амалҳои номатлуб даст мезаданд. Онҳо низ ин кирдори муғризона ва амалҳои ваҳшатноки хешро хости Худо унвон карда, ба дидаи мардум хок мепошиданд.
Хулоса, ташкилоти наҳзатӣ дар тамоми замони мавҷудияту фаъолияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои «Ихвон-ул-муслимин» ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ТТЭ ҲНИ, яъне усули «қадам ба қадам», ки мутаассифона, солҳои охир ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят карда буд, ҳатто кӯшиш намуд то андозае баъзе зиёиёнро ба худ ҷалб созад.
Дар бахши амалӣ бошад, ТТЭ ҲНИ мисли «Ихвон-ул-муслимин» аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва, инчунин, ба террори густурдаи мухолифини ақидатӣ даст зада, дар моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши анҷом додани  табаддулот барои ғасби ҳокимияти сиёсӣ кард.
Илова бар ин, намояндагони ТТЭ ҲНИ ҳангоми интихоботҳо дар рафти вохӯриҳо бо мардуми кишвар ҳизбҳои дигарро ҳизбҳои шайтонӣ ва ҳизби хешро ҳизби илоҳӣ меномиданд. Ҳамзамон, дар байни халқ овоза паҳн мекарданд, ки дар бюллютенҳои интихоботӣ хат задани ҲНИ, маънои хат задан ва инкор кардани номи Худою исломро дорад. Ҳамин тавр, фаъолияти эшон сар то по пур аз ҳилаву найранг буда, комилан бар зидди арзишҳои сирф миллии мо тоҷикон равона гардида буд. Хушбахтона, ин ҳилаю найранг ва фиребгариҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ - ро мардуми шарифи Тоҷикистон пай бурдаанд. Аксарияти аъзои ин ташкилот хатогии худро дарк карда, дар солҳои охир сафҳои онро тарк намуданд. Айни замон Тоҷикистон аз неруи бадхоҳ халос гардида, дар тамоми соҳаҳо тараққӣ мекунад. Фирориёни ҷинояткори наҳзатӣ бошанд, дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун  панаҳ бурда, фаъолияти душманонаашонро идома медиҳанд ва то ҳанӯз аз мақсади нопоки худ даст накашидаанд.

Умед ПУДИНАЕВ, ходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 846
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед