logo

иқтисод

ВМКБ. АФЗАЛИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ МАҲАЛЛӢ

Дар сохтмони иншооти гуногуни вилоят бояд бештар масолеҳи  сохтмонии маҳаллӣ, аз ҷумла сангҳои табиӣ, ба кор бурда шаванд. Чунин супориш дод Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба масъулони  ширкатҳои сохтмонии вилоят дар мулоқоте, ки бо кулли  намояндагони ташкилоту муассисаҳои сохтмонии вилоят анҷом дод.
Ёдгор Файзов истифодаи масолеҳи маҳаллии бинокорӣ, аз ҷумла сангҳои табииро иншооти бунёдёбанда аз вазифаҳои муҳими рушди минбаъдаи созандагиву  бунёдкорӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ВМКБ дорои захираи бузурги сангҳои гуногуни табиист ва истифодаи онҳо дар сохтмон ба афзун гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, масолеҳи маҳаллӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат буда, муддати тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.
Дар мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои дорои масъулияти  маҳдуди «Помирстон» ва «Суман», ки, асосан, ба тарошидани сангҳои маҳаллӣ сару кор доранд, омодагии худро ҷиҳати пазириши фармоишҳои паймонкорон  дар  ин  самт арз намуданд. Зикр  гардид, ки  моли ин корхонаҳо талабгорони зиёд дорад. Аз маҳсулоти онҳо ҳатто дар бунёди  биноҳои  Донишгоҳи Осиёи  Марказӣ  ва  марказҳои тиббӣ фаровон истифода шудааст.
Раиси вилоят гуфт, ки истифода намудани маҳсулоти маҳаллӣ дар корҳои ороишии театри навбунёди вилоятӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимии навбунёд ба мақсад мувофиқ мебошад.
Роҳбарони идораҳои таъмирию сохтмонӣ ва масъулони бахши сохтмони вилоят омодагии  худро  аз дастгирии  корхонаҳои  маҳаллии истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ баён намуданд.
Тавре раиси вилоят зикр кард, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ имконияти васеъ доранд, ки дар дигар самтҳои хоҷагии халқи вилоят низ истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунандаро вусъат бахшанд ва дар ин замина ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии  мардум қадами устувор гузоранд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 754
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед