logo

иқтисод

ХАТЛОН. КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ЁФТ

Бо мусоид омадани обу ҳавои имсола дар 25 гектар замини ҳудуди деҳоти «Нури Вахш», «Деҳқонобод» ва «Ҷиликӯл» - и ноҳияи Дӯстӣ  кишти пунбадона дар зери плёнка шурӯъ гардид.

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дода, гуфт, ки дар оғози кишти чигит муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Холмурод Раҳмон,  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони хоҷагиҳою деҳқонон иштирок карданд.
- Имсол дар ноҳияи Дӯстӣ, тибқи дурнамо, дар майдони 7 ҳазору 74 гектар чигит кишт карда мешавад. Танҳо ширкати «Ҷунтай Хатлон Син - Силу» дар  беш аз 2 ҳазор гектар дар зери плёнка пунба кишт мекунад, - гуфт Носирҷон Маъмурзода.
Зимни боздид аз рафти кишт масъулони ширкати «Ҷунтай Хатлон Син - Силу» иттилоъ доданд, ки имсол аз навъи тухмии «Синзиян - 39» истифода бурдаанд, зеро ин навъи тухмӣ ба иқлими мавзеи Гароутӣ мувофиқ буда, ҳосили дилхоҳ медиҳад. Дар ин ҷо бо истифода аз 14 тухмипошак дар як рӯз дар 9 - 10 гектар замин пунбадона кишт мекунанд.
Ширкат беш аз 1000 тонна тухмии хушсифати навъи «Ҷиликӯл» захира карда, барои кишти ин навъи тухмӣ бо хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон ҳамкорӣ дорад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 808
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед