logo

иқтисод

 "БИЗНЕС – ИНКУБАТОР". ВАЪДАҲО КАЙ ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД?


Дар пайи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи соҳибкории кишвар  рӯ ба пешрафт овард ва соли гузашта шумораи соҳибкорони ватанӣ 11 ҳазор  адад зиёд шуда, ба 326,5 ҳазор  расид.
Ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ба рушди соҳаи соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ислоҳоти ҷоришуда, сабукиҳои андозию дигар пардохтҳо мусоидат намуданд.
- Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи фаъолияти соҳибкорӣ диққати махсус дода, ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат дар соҳаи соҳибкорӣ 300 рӯзи ислоҳот эълон шуд, ки дар асоси ин иқдом тадбирҳои зиёди ҳавасмандӣ роҳандозӣ шуданд. Баробари ин, солҳои охир шумораи мақомоти санҷишӣ низ нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфта, ҳоло ҳамагӣ 25 ададро ташкил медиҳад. Барои дастгирии молиявии соҳибкорони маҳаллӣ бо супориши Сарвари давлат муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ» таъсис ёфт, ки аз оғози фаъолияти он то имрӯз барои 190  лоиҳаи соҳибкорони ҷумҳурӣ дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, гидроэнергетика ва ғайра ба маблағи 270,4 миллион сомонӣ  қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардиданд. Танҳо соли гузашта 26 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорон ба андозаи 50,6 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дар маҷмӯъ, бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ тайи чанд соли  охир беш аз 100 намуди имтиёзу сабукиҳо роҳандозӣ гардидаанд, - гуфт Фаррух Ҳамрализода.
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба афзоиши сармоягузории бахшҳои гуногун мусоидат намудааст. Соли гузашта нисбат ба соли 2018 маблағгузории бахши хусусӣ ба сармояи асосӣ 10 дарсад   афзуда, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ 3,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки фоли нек аст.
Вале бо вуҷуди ин, мутаассифона, дар соҳаи соҳибкории мамлакат баробари пешравиҳо баъзе мушкилиҳо низ ба назар мерасанд, ки барои рушди ин бахши калидии иқтисоди миллӣ монеа эҷод мекунанд. Барои мисол, мувофиқ ба талаботи сармоягузорон  таҳия намудани лоиҳаҳои тиҷоратию саҳибкорӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин бахши муҳим дар ноҳияҳо  ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб мераванд. Бо вуҷуди он ки дар маҳалҳо имкониятҳои боз ҳам бештар ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳисоби ҷавонон фаровонанд, мутахассисони ҷавобгӯи  талаботи  замон  барои омодасозии лоиҳаҳои дурусти тиҷоратию истеҳсолӣ, менеҷменти молиявӣ, истифодаи технологияҳои нав ва тарҷумонҳои тахассусӣ вуҷуд надоранд. Норасоии чунин кадрҳои замонавӣ боиси он гардидааст, ки  бархе соҳибкорони навкор фаъолияти худро самаранок идома дода наметавонанд. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳо аз 36,4 ҳазор соҳибкори навкор 25,8 ҳазор нафари онҳо фаъолияташонро қатъ карданд.
Барои истифода аз имкониятҳои фаровони табиӣ ва коркарди ашёи хом дар минтақаҳо амалисозии тарҳу лоиҳаҳои мувофиқи талаботи замон  ва ҷалби сармоя дар ҷойи аввал меистад. Аммо аксари соҳибкорони ҷавони деҳот малакаю таҷрибаи замонавии фаъолияти соҳибкорӣ надоранд. Надоштани дониши кофии иқтисодӣ ва ҳуқуқиву технологии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир амалишавии нақшаҳояшонро мушкил гардондааст.
- Дар деҳоти мамлакат талошҳо ҷиҳати бо истифода аз имкониятҳои маҳали худ машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ зиёданд. Аммо аксарият таҷрибаю малакаи таҳия сохтани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, нақшаҳои тиҷоратӣ ва  истифодаи технологияи нави истеҳсолиро надоранд ва андешаҳои худро амалӣ карда наметавонанд. Ин ҳолат ба қисман иҷро нашудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо боис гардидааст, - гуфт Ёқуб Исмоилов, муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ду сол қабл Фаррух Ҳамрализода  иттилоъ дода буд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи тахассусии соҳибкорон ва амалисозии идеяву нақшаҳои ҷавонони соҳибзавқ дар бахши соҳибкорӣ  фаъолияти марказҳои махсуси омӯзишӣ бо номи «Бизнес-инкубатор» - ҳо дар гӯшаю канори кишвар роҳандозӣ мегардад. Аммо афсӯс, ки то ҳанӯз  ҳатто як чунин марказ ба фаъолият напардохтааст. 
Тавре Дилшод Ҷӯраев, директори муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон», дар тақвият изҳор дошт, ки то имрӯз ягон «Бизнес инкубатор» ба фаъолият оғоз накардааст.
- Тибқи нақша,  дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ бунёди иншооти  «Бизнес - инкубатор» - ҳо дар назар аст. Имсол баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин самт қадамҳои аввалин гузошта мешаванд ва дар минтақаҳо  «Бизнес – инкубатор» - ҳо аз фаъолияти худ дарак медиҳанд, - гуфт номбурда.
Ба роҳ мондани фаъолияти «Бизнес – инкубатор» - ҳо ба рӯи кор омадани мутахассисони лоиҳасоз ва менеҷерон дар соҳаи соҳибкорӣ мусоидат намуда,  ҷалби сармоягузоронро дар маҳалҳо мувофиқи эҳтиёҷоти мардуми он беҳбудӣ хоҳад бахшид. Корафтодагоне, ки чанд сол боз аз сабаби номукаммалии лоиҳаҳои тиҷоратиашон дарбадари ташкилоту идораҳо сарсону саргардон мегарданд, ба воситаи ин марказҳо мушкили худро осон хоҳанд кард. Пас, кай «Бизнес - инкубатор» - ҳо фаъол мешаванд? Суолест, ки аз масъулон посухи бетаъхир мехоҳад!
 Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2020    №: 46    Мутолиа карданд: 1056
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед