logo

порлумон

 ИНТИХОБОТ. АЗ ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ПЕШАКӢ ТО БАҲОИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) нимаи дуюми рӯзи 2 март натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.
Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, бо баргузории брифинг дар ҳузури намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мушоҳидони байналмилалӣ, коршиносон ва доираи васеи хабарнигорон изҳор дошт, ки интихобот дар фазои озоду ошкоро ва бо риояи меъёрҳои демократӣ баргузор гардид. Дар ҳамин ҳол, иттиллоъ дода шуд, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар (16,50 дарсад), Ҳизби демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар (5,10 дарсад), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар (16,61 дарсад), Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар (3,11 дарсад), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар (5,15 дарсад), Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар (0,32 дарсад) ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар (50,40 дарсад) овоз додаанд. Зимнан, шумораи овози интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шуд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39 дарсадро ташкил медиҳад.
Бахтиёр Худоёрзода изҳор дошт, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда 5 дарсад ва зиёда аз он овоз додаанд, миқдори муайяни мандати вакилиро ба даст оварданд. Аз ҷумла, бар асоси ин муқаррарот Ҳизби аграрӣ бо 16,50 дарсад 4 мандати вакилӣ, Ҳизби демократӣ - 5,10 дарсад 1 мандати вакилӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 16, 61 дарсад 4 мандати вакилӣ, Ҳизби сотсиалистӣ - 5,15 дарсад  1 мандати вакилӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 50,40 дарсади раъйи мардум 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд.
Дар брифинг, ҳамчунин, исми номзадҳое, ки аз 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ бо касби беш аз 50 дарсади овозҳо баранда шуданд, эълон гардид, ки дар матбуот нашр хоҳад шуд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони натиҷаҳои интихобот ва раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ изҳор дошт, ки интихобот ошкорову шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ доир шуда,  дар он  аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зери назари 236 мушоҳиди байналмилалӣ ва 4910 мушоҳиди миллӣ баргузор гардида, Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ ба ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, Миссияи мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти роҳбарии Нурлан Аккошкаров аз 27 феврал то анҷоми интихобот дар Тоҷикистон қарор дошт, дар изҳороте интихоботи баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф намуда, онро боз як қадами муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ арзёбӣ кард.
Зимнан, Сергей Лебедев, роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ, ба ҷараёни баргузории интихобот баҳои мусбат дод. Ӯ дар нишасти матбуотие афзуд, ки лаҳзаи асосие, ки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, вижагиҳои ташкилии маъракаи интихобот ва ҷараёни овоздиҳӣ буд. - Интихобот ба таври шоиста, дар фазои озоду шаффоф, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон гузашт, - таъкид кард Сергей Лебедев.
Тибқи иттилои КМИР, дар маҷмӯъ, 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунанда дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуд, ки ин 86,4 дарсади шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2020    №: 46    Мутолиа карданд: 7792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед