logo

ҳуқуқ

 ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО


РИШВАСИТОНӢ.
12000 ДОЛЛАР БАРОИ "ҚАБУЛ КАРДАН БА ДОНИШГОҲ"

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати коррупсионие хабар дод, ки дар он қаллобӣ ба миқадори махсусан калон сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, шаҳрванд Басбӣ Қаюмова, худро омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ намуда, ба шаҳрванд «А» ваъда додааст, ки бар ивази 12000 доллари ИМА ӯро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил менамояд.
Баъд аз он ки шаҳрванд «А» дар ин бора ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон муроҷиат намуд, нисбат ба Б. Қаюмова парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда ҳангоми бо роҳи фиреб гирифтани 2300 доллари ИМА ва 17600 сомонӣ дастгир шуд.
Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Б. Қаюмова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти прокуратура ирсол гардидааст.
 
ОДАМРАБОӢ.
БОЗДОШТИ НАФАРЕ, КИ БА ИН ҶУРМ ДАСТ ЗАДААСТ

Кормандони мақомоти милитсия як сокини шаҳри Душанберо, ки аз ӯ марди 67 – сола ном бурда мешавад, ба гумони хиридуфурӯши одамон дастгир карданд.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, гумонбар, соли 2017 ширкати ҶДММ «Имкон - 2015» - ро ташкил намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳи фиреб ба боварии зани 43 - солаи сокини кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт даромада, ӯро ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бурда, шаш моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ, яъне ҳуқуқҳояшро ба пуррагӣ маҳдуд карда, бе музди маош ва соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд.
Айни ҳол, нисбат ба гумонбаршаванда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 130 - и Кодекси ҷиноятӣ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

МУНОҚИША.
ТАФТИШИ АМАЛИ МАРДЕ, КИ ҲАМСАРАШРО КОРД ЗАД

Дар ноҳияи Кӯшониён амали марде тафтиш мешавад, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро бо зарби корд захмӣ кардааст.
Сомонаи ВКД бо нашри хабаре дар ин бора навиштааст, ки ҳодиса дар пайи аризаи зани 35 - сола (ҷабрдида), сокини Ҷамоати шаҳраки Бӯстон - Қалъа ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ошкор гардидааст. Марди сархуш, ки 59 сол доштааст, 29 феврали соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш муноқиша карда, бо 6 зарби корд ӯро маҷрӯҳ кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2020    №: 47    Мутолиа карданд: 980
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед