номаҳо
РАҲМОН САФАРОВ.
КОРНОМАҲОЕ, КИ БА ҚАДРДОНИИ БЕШТАР МЕАРЗАНД
9 майи соли равон аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 сол пур мешавад. Албатта, ин ҷашн бо шукӯҳи махсус дар кишвари мо низ таҷлил хоҳад гашт. Дар ин ғалаба саҳми тоҷикистониён чашмрас мебошад. Ҷавонони ҷасуру матиниродаи Тоҷикистон дар озод сохтани ҷаҳон аз фашизми гитлерӣ ширкат варзидаанд. Бисёре аз онҳо дар набардгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ҷангноманависи бузурги тоҷик Раҳмон Сафаров қариб тамоми ҳаёт ва дороии худро сарфи ҷустуҷӯи шаҳидони роҳи озодӣ намуд. Ӯ аз қаҳрамониҳои диловарони тоҷик бо истифодаи муътамадтарин маъхазҳо бо самимият, муҳаббати инсониву шаҳрвандӣ матлаб менавишту ба нашр мерасонд. Дар ин бора чанд китоб ҳам таълиф намуду аз дасти чоп баровард.
Пайвандону наздикони шаҳидони ҷанг ба ӯ муроҷиат мекарданд, то маълумотеро дар бораашон пайдо намояд. Таҳқиқу ҷустуҷӯҳояш дар Россия, Латвия, Литвия, Эстония ва дигар кишварҳое, ки аз асорати фашистони гитлерӣ озод шуданд, самар меовард.
Ӯ кори бештар аз як пажӯҳишгоҳро дар танҳоӣ ба фарҷом мерасонд. Бо даргузашташ аз дунё ин гуна таҳқиқу ҷустуҷӯҳо қатъ ёфт. Яъне касе кори ӯро идома надод. Тақдири бойгонияш чӣ шуд, барои мо, ихлосмандонаш, маълум нест. Аммо бояд бойгонии ӯ ҳатман омӯхта шавад. Дар ин сурат дар бораи бисёр тоҷикони гумном маълумот пайдо кардан мумкин аст.
Ба муносибати Ҷашни 75 - солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ агар асарҳои таълифкардаашро ҳам аз нав ба нашр мерасонданд,нуран ало нур мешуд. Бузургдошти ин марди фидоӣ бо баргузории ҳамоишҳои илмӣ, адабӣ барои боло бурдани ҳисси ватандӯстии насли наврас бисёр муҳим мебошад.
Фирӯза МИРЗОЕВА, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2020 №: 47 Мутолиа карданд: 3603