logo

фарҳанг

 ТОҶИКОНИ ВОДИИ ХУФ. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ


Чанде пеш маросими рӯнамоии китоби “Таджики долины Хуфа» («Тоҷикони водии Хуф») бо қалами мардумшиноси машҳури рус Михаил Андреев баргузор гардид. Ин китоб дар зоти худ бисёр нодир буда, бештар аз 600 сафҳа маълумоти фаровон аз ҳаёту фаъолияти тоҷикони болооби Амударёро фаро мегирад.
Михаил Андреев бештар аз панҷоҳ китобу мақолаҳои илмӣ таълиф карда, чандин дастнависҳои арзишмандаш дар бойгониҳо маҳфузанд. Дар байни осори боқигузоштаи Андреев «Материалҳо доир ба этнографияи қабилаҳои эронии Осиёи Миёна», «Ишкошим ва Вахон», «Забони язгуломӣ», «Оид ба муносибатҳои оилавии тоҷикони қадим», рисолаи дуҷилдаи «Тоҷикони водии Хуф» арзиши ниҳоят бузурги илмӣ доранд. Ҷилди аввали «Тоҷикони водии Хуф» соли 1953 ва ҷилди дуюмаш соли 1958 бо шарҳу эзоҳи Антонина Писарчик (ҳамсари Андреев) чоп шудааст. Интишори навбатии ин китоби арзишманд бознашри он дар замони истиқлол аст, ки он аз ҷониби Бахши мероси фарҳанг ва илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бознашр шуд.
- Андреев бештари умри худро бо омӯзиши фарҳанги мардуми эронитабори минтақаи Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, пайваст. Ӯ дар раванди фаъолияти кории худ дар таълими забон, созмон додани осорхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳо ҳиссаи арзанда гузошт. Қисми зиёди ҳаёти худро ба тоҷикони водии Хуф бахшида, ҳаёт, фалсафа ва асрори зиндагии хуфиҳои кӯҳиро бо ишқу алоқаи фаровон омӯхт, - изҳор дошт профессор Ҳайдаршо Пирумшоев.
Дар аввали асри ХХ Андреев ба супориши К. Г. Залеман ба гирдоварии лаҳҷа ва расму оинҳои тоҷикони кӯҳистон, бавижа Помир машғул мешавад. Ӯ аз соли 1925 яке аз муассисон ва фаъолони созмони «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он» буд. Ин созмон рӯзгори моддӣ ва маънавии тоҷикон ва қавмҳои дигари эронинажоди минтақаро ба таври густурда мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор дод. Баъдтар китобе зери унвони «Тоҷикистон» (1925) ба нашр расид, ки дар он мақолаи Андреев бо номи «Оид ба этнографияи тоҷикон. Баъзе иттилоот» нашр шудааст.
Соли 1934 Андреев ба Помир аз нав баргашт. Ин дафъа экспедитсия зери роҳбарии ӯ бо супориши Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо мақсади пурра намудани маводи этнографӣ ва забоншиносӣ қаблан ҷамъоваришуда дар водии Хуф ва дар минтақаҳои Панҷ, қисмати поёнтари Помир ташкил карда шуд. Олим то ҳадди имкон тоҷикиро хуб медонист ва давоми шаш моҳ шеваи хуфиро ҳам омӯхт. Аз соли 1947 ба Душанбе омада, дар Академияи илмҳо ба кор шурӯъ кард. Мардумшиносони машҳури тоҷик Н. Нурҷонов ва М. Раҳимов аз шогирдони ӯ мебошанд, - иттилоъ дод Қурбон Аламшоев, номзади илми таърих.
Водии Хуф дар баландии 2700 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Мувофиқи маълумоти забоншиносон, ҷойноми «Хуф» аз забони порсии қадим – «кауфа» (kaufa - кӯҳи баланд) гирифта шудааст. Кӯҳи Қоф ва калимаи Қафқоз бо ин калима наздиканд.
Китоби «Тоҷикони водии Хуф» (саргаҳи Амударё) барои ғанӣ гардондани дониш оид ба тоҷикони қадима ва қисме аз халқиятҳои Осиёи Марказӣ, ки тоҷикон бо онҳо пайванди таърихӣ доранд, манбаи беназирест.
- Дар китоб маълумоти қимат оид ба таърих, ҷуғрофия, иқлими Хуф, дар бораи мавқеъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангии хуфиҳо ҷамъ шудааст. Олим дар бораи намудҳо ва хусусиятҳои коркарди замин, чорвопарварӣ, шикор, савдо, бофандагӣ ва ресандагӣ, дар бораи ҳар гуна ҳунарҳо, пайдо кардани оҳан ва тайёр намудани қоғаз дар Помир нақл мекунад. Муаллиф муфассал рафти омодашавии зарфи гилину чӯбин, хусусиятҳои таомпазӣ, либосҳо, истиқоматгоҳҳои хуфиҳо, ченакҳои ҳисобӣ, солшумории маҳаллӣ, дар бораи бозиҳои варзишӣ, дилхушии калонсолону кӯдакон, дар бораи ҷашнҳои вижа, ривояту афсонаҳоро шарҳ додааст, - афзуд Қурбон Аламшоев. 
Бино ба гуфтаи муаррихону мардумшиносон, дар ним асри охир дар бораи ҳаёти маишии тоҷикон, бавижа тоҷикони Помир чунин маводи арзишманд ба вуҷуд наомадааст. Арзиши китобро аксҳои бисёр қимат боз ҳам болотар мебаранд.
Хуф ҳамчун водӣ бо мероси ғании таърихӣ - фарҳангӣ, манзараҳои зебо, иқлими мусоид барои рушди сайёҳӣ бисёр мувофиқ аст. 
Ин мавзеъро ба мамнӯъгоҳи меъморӣ - этнографӣ низ табдил додан имкон дорад. Бавижа, барои рушди сайёҳии экстрималӣ, трекинг, кӯҳнавардӣ, сафарҳои аккосӣ ва лижаронӣ имкониятҳо ҳастанд.
Қурбон Аламшоев, ки чанде пеш баҳри омӯзиши иҷтимоии хуфиёни имрӯз ба ин водӣ сафар карда буд, изҳор дошт, ки хуфиҳо метавонанд сайёҳонро бо таомҳои қадимаи кӯҳӣ, мусиқии зинда, бозиҳои варзишӣ ва дигар расму оини кӯҳистониён мафтун гардонанд. Ҳатто омодаанд, ки меҳмононро дар хонаҳои худ, ки бештарашон таърихи 300 - сола доранд, ҷо кунанд ва аз меъмории хуфиён маълумот диҳанд.
Ҳозирин дар такя ба таъкидҳои Пешвои миллат зикр карданд, ки ёдоварӣ аз таърихи пурифтихори миллат, хизмати бузургоне чун  Михаил Андреев дар рушди фарҳанг, бедор кардани ифтихори миллӣ дар зеҳни насли имрӯза ва оянда яке аз шартҳои муҳими устувории маънавиёт ҷиҳати беҳбуди ахлоқии ҷомеа ва сиҳатии рӯҳу равони миллат ба шумор меравад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2020    №: 47    Мутолиа карданд: 981
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед